19 Октябр 2024
Субҳи имрўз бо ташаббуси шуъбаи хифзи муҳити зисти шахр тибқи супориши Роҳбарияти вилоят ва шаҳр бо ҷалби ҷавонони касбу кори гуногун аксияи тозагии соҳил гузаронида шуд.
Ҳашарчиён асосан ду тарафи соҳили дарёи "Сир" ва ҷӯйборҳоро аз ҳамагуна партов ва хасрӯбаю ифлосиҳо ва алафҳои худруй тоза намуданд. Дар ин ҳашари дастҷамъона беш аз 300 нафар иштирок намуда, дар тозаву хуррам ва ба обонии шаҳр саҳмгузорӣ карданд.
Бояд қайд намуд, ки аксияи мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон алалхусус ҷавонону варзишгарон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд