19 Октябр 2024
Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд ҳамоиши шаҳрӣ таҳти унвони “Занон-тарғибгарони ғояҳои Конститутсия” ва ҳамзамон оғози курси “Зан-сарвар” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ иштирок ва баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки боиси ифтихору фараҳмандист, аз ҷониби Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид, ки аввалин дастоварди ҳуқуқӣ дар оғози сол буда, он бешак барои боло рафтани маърифати ҳуқуқии ҷомеа мусоидат мекунад. Бо мақсади амали намудани дастуру супориши Сарвари давлат ва чун мо дар арафаи таҷлили 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ифодагари орзуву ормони мардуми тоҷик маҳсуб ёфта , дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ эътироф гаридааст, қарор дорем.
Таъкид шуд, ки ҳамоиши имрузаи мо таҳти унвони «Занон тарғибгари ғояҳои Конститутсия», ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, ба ин санаи бузург ва ифтитоҳи курси «Мактаби зан-сарвар», ҷиҳати амали намудани барномаи давлатии «Тарбия интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 » бахшида шудааст.
Воқеан ҳам донистану риояи ҳатмии талаботу меъёрҳои қонунҳои амалкунанда метавонад содиршавии ҳамагуна амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнокро пешгири намояд. Бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асоси сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занон ба ҳаёти сиёсӣ, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, ба касбомӯзиву шуғли доимӣ фаро гирифта шудани онҳо низ зери таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат қарор дода шуда ва минбаъд низ ба дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Саҳми назарраси занону бонувон дар рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷумҳурӣ дар Паёми имсола низ мавриди таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор гирифт.
Дар ҳамоиш намояндаи суди шаҳри Хуҷанд Марҳабо Аҳмадзода, намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд майори милитсия Мутрибахон Баҳодурзода, ҳуқуқшинос Дилором Абдуллоева, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Манучеҳра Кенҷазода ва дигарон суханронӣ намуданд.
Зикр шуд, ки ҳар як фарди комилҳуқуқи ҷомеа махсусан субъектони ваколатдор вазифадор аст, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ фаъолияти судманду самаранок зоҳир намоянд, зеро сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ шаҳрвандон омили муҳимӣ таҳкимӣ пояҳои истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, риоя ва иҷрои санадҳои қонунгузорӣ, ҳамзамон афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва василаҳои амалишавии онҳо, инчунин таъмини манфиатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд