18 Октябр 2024
Бо мақсади дастгирии тими “Хуҷанд” дар финали Ҷоми Тоҷикистон, ки санаи 20.10.2024. соати 14:30 дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан баргузор мегардад, бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои равоуи ройгони мухлисони дастаи “Хуҷанд” зиёда аз 40 адад нақлиёти мусофирбар ташкил гардид.
Ҳамин тавр, санаи 20.10.24. соати 11:00 аз назди ҳавзи шиноварии маҷмааи варзишии "20 солагии Истиқлолият"-и шаҳри Хуҷанд 40 адад нақлиёти мусофирбар ба самти шаҳри Истаравшан ҳаракат менамояд. Мухлисони футбол метавонанд, аз ин фурсат истифода намуда, дар бозии финалии дастаҳои “Хуҷанд ва “Регар-Тад Аз” аз наздик иштирок карда, кайфияти футболбозони маҳбуби “Хуҷанд”-ро болида ва ниҳоят ғолибиятро ба даст оранд.
Соати 17:00 нақлиётҳои мусофирбар мухлисонро ба шаҳри Хуҷанд мерасонанд.
Марҳамат ба дастгирии тими “Хуҷанд” дар финали Ҷоми Тоҷикистон!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд