17 Октябр 2024
Дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои “Даҳсолаи байналмилалии амал, об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар маҳаллаи «Чашмаи Арзана»-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби КВД «Садаф» бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми неку ибратбахш ҷиҳати таъмини доимии оби нўшокӣ амалӣ карда шуд.
Имрўз Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аикӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо раванди корҳо дар хати нави оби нўшокии КВД «Садаф» дар маҳаллаи Чашмаи Арзана» аз наздик шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бо амалисозии лоиҳаи КВД «Садаф» ба кор андохтани шабакаи таъминоти оби нӯшокӣ дар маҳаллаи «Чашмаи Арзана» имкон пайдо гардид, ки 2200 метр қубурҳои асосии обрасон нав карда шуданд. Аксарияти кӯчаҳои маҳаллаи Чашмаи арзана бо қубурҳои пластикии қутраш 160 дм, дар масофаи беш аз 440 метр кашида шуданд. Дар умум зиёда аз 10 ҳазор метр қубурҳо хобонида шуданд. Ҳамзамон самаранокии фаъолияти пойгоҳи обкашӣ таъмин карда шуданд. Алҳол зиёда аз 1060 хочагии ин маҳалла ва беш аз 60 адад корхонаҳои саноатӣ бо 14 соат оби нӯшокӣ таъмин шуда истодаанд. Зикр шуд, ки мақсади асосии лоиҳаи мазкур, пеш аз ҳама, аз барқарорсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори хизматрасонии соҳаи обтаъминкунию беҳдошт ва беҳтар намудани дастрасии аҳолии маҳаллаи «Чашмаи Арзана» ба оби нӯшокӣ, инчунин, баланд бардоштани устувории фаъолияти молиявии корхонаи КВД «Садаф» иборат мебошад. Сипас Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аикӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо вазъи обрасонӣ дар яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Чашмаи Арзана ва пойгоҳҳои №1 ва 2 аз наздик шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки 7800 метр қубурҳои байни маҳаллаҳо то ҳар як хонадон навсозӣ карда шуданд ва дар сари кӯчаҳо ҳисобкунакҳо насб гардиданд. Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аикӣ дар доираи сафари худ ба шаҳри Хуҷанд аз МД “Қалъаи Хуҷанд” аз наздик шинос гардида, ба фарҳанг ва санъату таърихи қадимаи тоҷикон, ки дар ин муассисаи фарҳангӣ инъикос гардидааст, баҳои баланд дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд