05 Октябр 2024
Ҳамдиёрони азиз, устодони арҷманд, собиқадорони соҳаи маориф!
Ҳар сол чун анъана рўзи якшанбеи аввали моҳи октябр дар қаламрави кишвари мо Рўзи омўзгор эълом шудааст ва ба ин муносибати фархунда миёни аҳолӣ тадбиру чорабиниҳои зиёди маърифативу гиромидошт ба муаллим-омўзгор доир карда мешаванд. Мардуми шарафманди шаҳри бостонии Хуҷанд чун дигар сокинони шаҳру навоҳии мамлакат бо мақсади арҷгузорӣ ба хидмати муаллим, таълиму тарбиятдиҳандаи аҳли башар Рўзи омўзгоронро ботантана ҷашн мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат эътироф намуда, ҷиҳати бузургдошти шахсияти муаллимону мураббиён ғамхориҳои бузург зоҳир менамоянд. Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳои худ ба хидмати омўзгорон баҳои баланд дода, чунин зикр доштанд: «Муаллим, пеш аз ҳама, афрўзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд.
Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омўзонидани илму дониш, инчунин омўзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад».
Зимни сўҳбат бо омўзгорони садоқатпешаи ватан таъкид доштанд, ки «Муаллимону омўзгорон машъалафрўзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шўълаи меҳри хондану аз бар намудан ва омўхтани донишҳои гуногуни муосири ҷаҳониро меафрўзанд. Ба ибораи дигар, устодон шаҳсутунҳои низоми таълиму тарбия ва омўзишу парвариш мебошанд».
Ин баҳои баланд ва талаби зоҳир намудани масъулияти бештари устодону муаллимон дар таълим ва тарбияи насли наврасу ҷавон боис гардид, ки илҳоми кории омўзгорон тоза гардад, сол аз сол муассисаҳои таълимии типи нав ва замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, сатҳу сифати тарбия ва дараҷаи донишандўзии хонандагон куллан тағйир ёбад. Иштироки шогирдон дар озмуну олим- пиадаҳои сатҳи ҷумҳуриву байналмилалӣ зиёд гардид, анъанаи хуби “устоду шогирд” дар омодасозии хонандагон ба озмунҳои бонуфузи кишвар ба мисли “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурўғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” натиҷаи дилхоҳ дод ва ҳар сол шогирдони мактабҳои шаҳри Хуҷанд бо ширкат дар ин озмунҳо шарафи устоду мактаби худро баланд бардошта истодаанд. Албатта ин ҳама, аз заҳмату талошҳои зиёди омўзгорон далолат медиҳад.
Омўзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, зеро пешаи омўзгорӣ басе сангину заҳматталаб ва дар айни замон, пурифтихор аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри дастгирии иқдоми шоистаи омўзгорон ҳамеша омода аст.
Устодон, муаллимон ва кулли алоқамандони соҳаи маорифро бо Рўзи гиромидошти муаллим табрику таҳният мегўям, барояшон тани сиҳат, барори кор ва дар таълиму тарбияи насли наврас муваффақиятҳои бешумор хоҳонам.
Рўзи гиромидошти муаллим фархунда бод, азизон!