(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Муассисаи таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бахшида ба Рўзи омўзгорон баргузор гардид.

Дилрабо Сатторова, намояндаи Раёсати маорифи вилоят ва Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд кулли омўзгоронро бо Иди касбиашон аз номи Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр доштанд, ки
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон вобаста ба мақому манзалати омӯзгор чунин баён доштаанд: "Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд".
Боиси ифтихор аст, ки рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон таҳти сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва кору фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда шуда, барои омӯзгорон дар санадҳои қонунгузорӣ имтиёзҳо муқаррар гардиданд.
Дар сатҳи вилоят ҳамасола ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони пешраву навовар, таъсиси ҷоизаҳои Раиси вилоят барои "Беҳтарин муассисаи таълимӣ", "Беҳтарин муассисаи таълимии томактабӣ", роҳхати ройгони омӯзгорон ба осоишгоҳ ва тақвият бахшидани иқтидори моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар башорат дода, дар маҷмуъ барои баланд гардидани манзалату обрӯи омӯзгорон дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Аз ин лиҳоз, Шумо - устодону омӯзгорони муҳтарамро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат рисолати бузурги ба насли ҷавон омӯзонидани донишу маърифат ва касбу ҳунарро боз ҳам густариш бахшида, бо ин роҳ дар тарбия намудани ворисони арзандаи халқу миллат талош намоед. Зеро дар шароити тағйирёбандаи фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯз дар зеҳну шуури кӯдакону наврасон ва ҷавонон тақвият бахшидани ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандорӣ талаби давру замон мебошад.
Бо эътимод ва итминони комил изҳор медорам, ки омӯзгорон чун нерӯи пешбарандаи ҷомеа минбаъд низ дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи насли ояндасоз ва худогоҳу ватандӯст дар пойдории сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ ва бунёди ҷомеаи навин саҳми сазовор мегузоранд.
Зикр шуд, ки омӯзгор будан шараф аст. Омӯзгор будан ҳамзамон масъулияти гарон, масъулияти ояндаи инсонҳоро ба дӯш гирифтан аст. Омӯзгор будан ҳамеша табассум бар лаб будан аст. Зеро ҳангоми по ба остонаи синф гузоштан, даҳҳо ҷуфт чашм бо умеду боварӣ ба сӯят дӯхта мешаванд. Омӯзгор будан дили поку ҳақбин доштан аст, то ҳама дилҳо поку ҳама чашмҳо ҳақбин шаванд. Омӯзгор будан дар ниҳолаке дарахти боровару пурсамар, дар заррае дунё, дар қитъае паҳно, дар қатрае баҳри беканорро дидан аст. Омӯзгор бузургтарин вазифа асту сарчашмаи касбу ҳунарҳои дигар. Омӯзгор ин умри ҷовид доштан аст. Шогирдон давоми умри ӯянд. Омӯзгор бахти баланд доштану шодком будан аст.
Омӯзгорони шаҳрро ҳамчунин Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ низ табрик гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши ҳалкунандаи соҳаи маориф дар тарбия кардану ба камол расонидани наслҳои ояндасоз – кадрҳое, ки рушди ҳамаи соҳаҳои давлат ва ҷомеа аз онҳо вобаста мебошад, аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як роҳбар ва шахси масъули соҳаи маориф ва ҳар як омӯзгор вазифадор аст, ки рисолати худро софдилона ва аз рӯйи виҷдон анҷом дода, барои таълиму тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат ва хештаншиносу ватандӯст саҳми фаъол гузорад. Барои ба воя расонидани насли донишманд, забондон ва дорои ҷаҳонбиниву фаҳмиши васеъ бояд, пеш аз ҳама, муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибтахассус, навовару эҷодкор ва ба касби худ содиқ таъмин карда шаванд.
Сипас, ба як қатор фаъолони соҳа, Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Раёсати маорифи вилоят, Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Ба як қатор собиқадорони соҳа чун арзи эҳтиром туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Барномаи фарҳангии идона табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...