(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рӯзи бузургдошти омӯзгор дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд чорабинии идона таҳти унвони “ Омӯзгор-хазинаи маънавии миллат” баргузор гардид.

Нахуст доир ба корномаи омӯзгорон дар ҷомеаи имрӯза филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд.
Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Алимат Мавлонзода омӯзгорон ва собиқадорони соҳаро бо Иди касбиашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рузи дониш ва дарси сулҳ вобаста ба қадру манзалати омӯзгор махсус таъкид доштанд: “Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем.” Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон намуда, онро чун дастоварди таърихӣ ҳифз менамояд. Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгонамон ба ҳисоб меравад, ки Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода ва садҳо ҳазор нобиғагони дигари таърих ба ин шеваи зебо сухан гуфтаву шеърҳо эҷод намуда, садҳо достонҳо навиштаанд. Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ба шумор меравад
Дар кишвари мо ҳамасола рӯзи якшанбеи аввали моҳи октябр Иди касбии омӯзгорон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Гиромидошт аз заҳмату меҳнати софдилонаи омӯзгор ҳамчун афрӯзандаи шуълаи илму дониш ва маърифату маънавиёт гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва хоссаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф мебошад.
Зикр гардид, ки фаъолияти омӯзгор асосан аз ду самт ё ҷанбаи муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба ҳамдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад. Воқеан ҳам дар замони соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати мамлакат ба масъалаи беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва кору фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, барои онҳо дар санадҳои қонунгузорӣ як қатор имтиёзҳо муқаррар намудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол”, таъсиси Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ба номи Султон Умаров бозгӯи гуфтаҳои болоиянд.
Хеле хушоянд аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, бо мақсади ҳавасманд намудани омӯзгорон силсилаи тадбирҳо аз қабили “Омӯзгори беҳтарин”, “Роҳбари гурӯҳи беҳтарин” бо иқдоми раёсати муассиса роҳандозӣ шуда истодааст ва ин охири кор нест. Дигар аз иқдоми хубу шоиста дар ин ҷода ва инчунин ҳавасмандкунии молиявии омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст меоранд, мебошад.
Чуноне, ки Пешвои миллат дар ситоиши омӯзгор гуфтаанд:”Муаллим ақл,шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад”.
Дар аноҷми суханронии худ Алимат Мавлонзода чанд пешниҳодоти худро ҷиҳати барои баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгоронро дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ироа намуд. Аз ҷумла: медорам.
1.Минбаъд омӯзгороне, ки рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунанд, ба ҷузъ аз нашри ройгони рисолаи номзадӣ ҳамчунин бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешавад.
2. Омӯзгороне, ки унвонҷӯ ҳастанд барои тадқиқотҳои илмӣ ҳавасманд карда мешаванд.
3.Омӯзгороне, ки дар давоми сол дар бонуфузтарин маҷаллаҳои илмӣ маводашон ба табъ расад, дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
4.Омӯзороне, ки дар фосилаи соли хониш мақолаҳои тарбиявию сиёсӣ дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ба нашр мерасонанд қадрдонӣ карда мешаванд.
5.Омӯзгороне, ки дар Озмунҳои ҷумҳуриявии " Илм-фурӯги маърифат" , " Фӯрӯги субҳи донои китоб аст" ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд, бо мукофотпулӣ қадршиносӣ карда мешаванд.
6.Омӯзгороне, ки шогирдонашон дар чорабиниҳои фарҳангиву сисёсӣ, аз ҷумла дар аксияҳои таъсиснамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ширкати фаъолона доранд, бо рохҳати ройгон ба осоишгоҳҳо таъмин карда мешаванд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар амалишавии ҳадафҳои мақсадноки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодакунии кадрҳои соҳибтахассуси соҳаи тиб устодони Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тибии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ боз дучанд меҳнат намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд шуд.
Сипас ба як қатор устодони пешсафи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи омӯзгор мукофотҳои соҳавӣ ва Ифтихорномаю сипосномаҳо тақдим карда шуданд.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ситораҳои санъати тоҷик Гуласал Пӯлодова ва Эркин Одинаев ба чорабинии идона нуру зиё бахшиданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...