(2 голоса, среднее 3.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори қаҳвахонаи “Фирдавс” чун анъана маросими навбатии супоридани Шаҳодатномаву идрорпулӣ ба муҳассилини Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспири шаҳри Хуҷанд бо иштироки хонандагону омўзгорон, волидайн ва меҳмонон баргузор гардид.

Директори Марказ Ҳамида Ўрунова чорабиниро ҳусни ифтитоҳ намуда, бо ёдоварӣ аз мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки санаи 30-юми майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид намуд, ки Давлату Ҳукумати мамлакат тамоми шароитҳоро барои омӯзишу азбарнамоии забонҳои хориҷӣ фароҳам овардааст, маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои забономӯзӣ ва қабули Барномаҳои давлатӣ дар ин самт аз масъалаҳои меҳварӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд.
Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии Марказ татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат баҳри омӯзиш ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои забономӯзӣ ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, рушди малакаи забономӯзӣ ва истифодаи он дар иқтисодиёти давлат, дарёфти хоаннадагони лаёқатманд ва ҷалби онҳо баҳри дохил шудан ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ мебошад.
Иттилоъ дод, ки Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспир дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 18 сол инҷониб фаъолият дошта, ба омўзонидани забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, курсҳои интенсивии равоншиносӣ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, инсоншиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ бо забони англисӣ машғул аст. Дар Марказ зиёда аз 10 нафар омўзгорони соҳибтаҷриба, докторони илм, номзадони илм, Аълочиёни маориф бо маоши хуб ва ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Таъкид шуд, ки бо мақсади мубодилаи таҷриба ва афкор, баҳри баланд бардоштани донишу малакаҳои омӯзгорони Маркази гуманитарии муосир ба номи У.Шекспир аз кишвари Олмон коршиносон аз ҳисоби омӯзгорон-профессорони пуртаҷриба мунтазам даъват карда мешаванд.
Сипас аз тарафи директори Марказ Ҳамида Ӯрунова ва омӯзгори забонҳои англисӣ ба 48 нафар хатмкунандагон дипломи дараҷаи В1 ва В2 –и забонҳои англисӣ ва олмонӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон 6 нафар хонандагон соҳиби Стипендияи директори Марказ шуданд ва ин имкон медиҳад, ки онҳо маблағи таҳсилро насупоранд ва баръакс соҳиби идрор шуданд.
Ғолибони озмунҳои гуногуни эҷодӣ, аз “Презентатсияи беҳтарин” байни хонандагони гуруҳҳои СД 5-и забони англисӣ ва В 1-и забони олмонӣ ва озмун байни кормандону нозирони таълимии Марказ таҳти унвони “Ман аз нигоҳи танқидӣ” ва ғайраҳо натиҷагирӣ ва ғолибонаш низ қадршиносӣ гардиданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ, меҳмони фахрӣ Ҷюдиз Клоэрс Кэмпф аз кишвари Олмон баромад намуда, ба фаъолияи Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспири шаҳри Хуҷанд баҳои баланд дода, хонандагонро баҳри омӯзиши амиқи забонҳо ва дӯст доштани Давлату миллати хеш даъват намуд.
Барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...