24 Декабр 2014

Раиси шаҳри Хуҷанд табрикоти самимии солинавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба ин шахси барӯманд расонда, ба шароити зист, таъмини иҷтимоӣ ва саломатии мавсуф таваҷҷӯҳ намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд дар баробари дигар шахсони ниёзманд ва собиқадорони меҳнат, ба Ҳамроҳ Тоҳирова низ барои зимистон ангишти ройгон дода шуда, вазъи саломатии ӯ ҳамеша зери назорат гирифта шудааст. Собиқадори меҳнат Ҳамроҳ Тоҳирова, ки ба синни 91 расидааст, сипоси худро барои ғамхории пайваста ба Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ изҳор намуд.
Ба собиқадори меҳнат Ҳамроҳ Тоҳирова кӯмаки яквақтинаи маводи хӯрока ва тӯҳфаи солинавӣ супорида шуд.