887
(2 овоз, миёна 3.50 аз 5)
23 Декабр 2014
Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави мелодӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз чанд оилаҳои ниёзманд дидан намуда, барои онҳо кӯмакя якнавбатаи маводи озуқа ва барои фарзандони онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ дасрас намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд нахуст ба оилаи собиқадори меҳнат маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм Абдуманнон Назаров омад. Ба мавсуф бинобар сабаби беморӣ фарзандаш нигохубин намуда, барои дастгирии моддӣ ниёз дорад. Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд минбаъд А. Назаров минбаъд зери назорати доимии табибон хохад буд. Маҷрӯҳи гурӯҳи якум Собир Муҳаммадҷонов таи чанд сол аст,ки нобино буда, дар парастории пайвандонаш аст. Оилаи мазкур дар рӯйхати шахсони ниёзманд буда, сари чанд вақт ба онҳо кӯмаки моддӣ расонда мешавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми сухбат ин оиларо бо соли нави мелодӣ табрик намуда, таъкид намуд, ки таъмини иҷтимоии ин оила зери назорати доимӣ хоҳад буд.
Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили истиқоматии оилаҳои Умарҷон Болтубоев, Улуқой Маҳмудова, Роҳат Турдибоева рафта ҳамаи онҳоро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соли нав табрик намуда, таъкид намуд, ки парасторӣ ва ғамхорӣ нисбати онҳо ҳамешагӣ аст.
Шарҳ додан