(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

РЎЗИ РЎДАКӢ — ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Сокинони арҷманд, ҳамдиёрони гиромӣ!

Миллати тоҷик куҳантарин миллат ба шумор рафта, ба тамаддуни олам шахсияту чеҳраҳои рўшанро эҳдо намудааст. Дар шумули чунин чеҳраҳо Одамушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ – сардафтари адабиёти классики тоҷику форс меистад, ки бо осори мондагор дар тарбия ва нашъунамои имрўзиён низ нақши муҳим дорад.

Ин аст, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудани ҷомеаи кишвар бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ ва илмиро омили муҳим мешуморад. Ватандўстӣ ҳиссиёти ниҳоят амиқи инсонист, ки решааш ба асрҳо ва ҳазорсолаҳо рафта мерасад, яъне аз умқи таърихи тамаддун ва фарҳанги миллӣ об мехўрад. Эҳсоси волои ифтихор доштан аз Ватан ва ватандорӣ олитар, шарифтар, қавитар тафохуре аст, ки ҳеҷ неъмати олам ба он баробар шуд наметавонад.
Бузургдошти шахсият ва осори устоди сухан, устоди шоирони форсизабони дунё Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар нақшу мақоми сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад.
Осори безаволи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ки наздик ҳазору дусад сол инҷониб дар хизмати мардуми олам қарор дорад, дар маҷмўъ хазинаи гаронмояи адабиёти умумибашарӣ мебошад. Шеъри Рўдакӣ барои тамоми наслҳо василаест, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии замонро аз дидгоҳи ѓайримуқаррарӣ ифода мекунад. Хулосаи нигоҳи муҳаққиқон он аст, ки решаи шеъри Рўдакӣ то замонҳои қабл аз ислом, то Авасто рафта мерасад, ки ин аз ҷаҳонбинӣ ва афкору пиндори фарохи шоир шаҳодат медиҳад. Бузургтарин ҳунари Рўдакӣ он аст, ки бо эҷоди анвои гуногуни адабӣ қудрату ѓановатмандии забони тоҷикиро вусъат бахшидааст. Забони шеъри ў зебову ѓанӣ ва чун бақои забони модарии мо ҷовидонист.
Рўдакӣ суханварест, ки ҳанўз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва устоди бузурги адибон эътироф шудааст. Ўро муосиронаш ҳангоми дар ҳаёт будан чун пешвои аҳли адаб шинохтаанд. Унвонҳо ва тахаллусҳои ифтихории қофиласолори назм, соҳибқирони шоирӣ, маликушшуаро ва одамушшуаро ба ин далеланд, ки саромади адабиёти мо на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми форсизабонони олам ва шуарои мамолики дигар чун устод пазируфта шудааст.
Устод Рўдакӣ ба ин мақоми баланд дар натиҷаи фаъолияти фидокорона дар ташаккул ва такомулу тараққӣ додани назми оламгир ва забони тоҷикӣ сазовор гардидааст.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 3-юми майи соли 2002 қарор қабул намуд, ки тибқи он ҳар сол 22-юми сентябр Рўзи Рўдакӣ чун ҷашни умумимиллии адабию фарҳангӣ таҷлил мегардад. Таҷлили Рўзи Рўдакӣ рамзи пайванди таърихии фарҳангу маънавиёти наслҳои гузаштаву имрўзаи тоҷик ва ифтихори бепоён аз тамаддуни хеш дониста мешавад.
Дар ин замина, барои ҳар сокини шаҳри Хуҷанд, бахусус насли наврасу ҷавон, ворисони арзандаи Оли Сомону Рўдакии бузург гиромидошти осори безаволи шоир мояи ифтихор ҳисоб меёбад, зеро баҳрамандӣ аз шарафу эътибори аҷдод ба мароми худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, созандагиву бунёдкориҳо, ободониву эҷодкориҳо вусъати тоза ба тоза мебахшад.
Агар шоҳ Исмоили Сомонӣ кишвари бузургеро барпо карда бошад, Абўабдуллоҳи Рўдакӣ бо каломи зебову шевои тоҷикиаш олами дилҳоро тасхир ва ҷаҳони маънавиётро ривоҷ додааст. Имрўз дар айёми ҷаҳонишавии тамаддунҳо ҳар яки моро зарур аст, ки аз миллату ватани худ, аз бузургони аҷдоди худ ҳимоят кунем, осорашонро гиромӣ дорем, омўзем ва ба насли нав пешкаш намоем.
Маликушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ мояи ифтихор ва сарбаландии миллати тоҷик аст.
Бовар дорам, ки таҷлили Рўзи Рўдакӣ дар худшиносӣ ва ватандўстии насли наврасу ҷавон боз як омили муҳим мегардад.
Рўзи шеъри оламгир, шеъри тоҷику форс, рўзи гиромидошти Шоири миллат муборак, ҳамдиёрони азиз!

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...