22 Декабр 2014
Ба ин муносибат дар дабистони мазкур маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид,ки дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд ва собиқадорону омӯзгорони мактаб ба пояи лавҳаи ёдгорӣ, ки ба хотири аввалин омӯзгорони ин мактаб гузошта шудааст, гулчанбар гузошта поси хотири онҳоро гиромӣ доштанд.
Дар маҷлиси тантанавӣ ҳайати хонандагону омӯзгорони солҳои гуногун, собиқ роҳбарони ин дабистон ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар, ки хатмкардаи ин мактабанд ҷамъ омада буданд.
Баъди қисмати муқаддимавӣ директории мактаб-гимназияи мазкур Хуршеда Атобоева суханро ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дод. Мактаби ба номи А.С.Пушкини шаҳри Хуҷанд бо шогирдони сазовору шоистааш маълуму машҳур аст. Боиси ифтихору шарафмандист, ки ходимони бузурги давлатию ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ академикон Бобоҷон Ғафуров, Солеҳ Раҷабов, котиби якуми Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов, нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил, профессорон Мухаммадхоҷа Бобохоҷаев, Кибриё Ҳасанова ва бисёр дигарон дастпарварони ҳамин мактаб мебошад. Аз ҷумлаи хатмкардагони мактаб даҳҳо омӯзгорони мактабҳои олӣ, муҳандисону бинокорон, рӯзноманигорону духтурон, сарварони корхонаву ташкилотҳо ба камол расида, дар рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвари азизамон саҳми муносиб мегузоранд.
Ҳамчунин Раиси шаҳр зикр намуд, ки агарчанде мактаби мазкур собиқаи зиёди фаъолияти пурмаҳсул дорад, то ҳанӯз аз набудани толори варзишӣ танқисӣ мекашад. Бинобар он дар буҷаи соли 2015 барои бунёди толори варзишии ин боргоҳи илму маърифат 400 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки то таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.Ҳозирони тантанаи мазкур ин муждаро бо рӯҳбаландӣ истиқбол намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки таърихи мактаби мазкур аз соли 1918 оғоз меёбад. Соли 1924 дар заминаи синфхонаҳои мактаби Уезди Хуҷанд тариқи ҳашар ин мактаб бунёд ёфта номи яке аз маорифпарварони миллати тоҷик Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ гузошта мешавад. Баъдан соли 1937 барои гиромидошти шоири халқи рус А.С. Пушкин мактаб номи ӯро мегирад. Баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 мактаб боз номи пештарааш, номи нависанда, журналист, олими равшанфикри тоҷик Маҳмудхоҷа Беҳбудиро гирифт. Соли 1995 ба мактаб мақоми литсей-мактаб ва соли 2002 бошад мақоми гимназия дода шуд.
Баъди тамошои филми мустанад доири таърих ва фаъолияти мактаб аз ҷониби хонандагон барномаи адабӣ фарҳангӣ пешкаш карда шуд.