(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд намояндагони прокуратураи шаҳр бо волидайни муассисаи таълимии мазкур ва сокинони маҳаллаи “Суғдиён» роҷеъ ба масоили рӯзмарраи ҷомеа, аз ҷумла нуктаҳои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” мулоқот намуданд.

Фаридун Нуруллозода, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба мазмуну моҳияти қабул шудани Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва таъғироти охир ба он маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имруз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Боиси тааасуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағийроте зиёде ворид карданд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкил, маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфт.
Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии мардум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро омода намуда, ба муҳокимаи умумиҳалқӣ пешниҳод намуд.
Аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат беш аз 6 ҳазор таклифу пешниҳод ҷиҳати танзими анъана ва ҷашну маросим манзур гардид ва аксари мардум ин иқдомро ба пурраги дастгирӣ намуданд.
Ниҳоят санаи 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои мардум қабул гардида, муддати зиёда аз 17 сол аст, ки мавриди амал қарор дорад. Чанде қабл ба қонуни мазкур таъғирот ворид карда шуд.
Фаридун Нуруллозода гуфт, ки дар ин муддат қонуни мазкур воқеан ҳам исбот намуд, ки қабули он саривақтӣ ва ба нафъи мардум буда, чандин маъракаҳои серхароҷот ва нозарурӣ аз байн бурда шуда, давомнокии маросим, шумораи даъватшавандагон ва дигар масъалаҳоро марбут ба гузаронидани ҷашну маросим ба танзим дароварда шуданд.
Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад.
Фаридун Нуруллозода зимни суханронии худ чанд мисол аз парвандаҳои тафтишотӣ овард.
Сипас ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Сайхан Шералиев роҷеъ ба муҳтавои Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” маълумоти муфассал дода, аз ҷумла афзуд, ки Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи талаботи моддаи 15-и қонуни мазкур уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак муайяну мушаххас шудааст, яъне падару модар таълим гирифтани кӯдакро таъмин намоянд; ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдак монеъ нашаванд; кӯдакро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароит муҳайё намоянд; риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат карда, донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи маориф оид ба таълими кӯдак мунтазам ҳамкорӣ намоянд; ба омӯзиши забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ мусоидат намоянд; дар ҷаласаҳои падару модар ва чорабиниҳои дигари муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намоянд; талаботи дахлдори қоидаву тартибот ва санадҳои дохилии муассисаи таълимиро, ки кӯдак дар он таълим мегирад, риоя намоянд; дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯзи кормандони муассисаҳои таълимӣ пешниҳоди туҳфаҳои молию пулиро аз ҷониби кӯдак манъ намоянд; гирифтани таълими ғайриқонунӣ, аз ҷумла таълими ғайриқонунии диниро аз ҷониби кӯдак роҳ надиҳанд ва ғайраҳо.
Ҳамчунин дар қонуни мазкур уҳдадории волидайн дар самти тарбияи кӯдак мушаххас оварда шудааст.
Қонун волидайнро вазифадор намудааст, ки ба рафтори фарзандонашон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро тарбия аз оила оғоз мешавад ва рафтору гуфтори падару модар барои фарзанд бояд намунаи ибрат бошад. Барои амалишавии ин ҳадаф нақши оила бузург буда, муҳити солим ва созандаи оилавӣ метавонад дар тарбияи ворисони содиқи Ватан саҳми босазо дошта бошад.
Дар боби 5 Қонуни мазкур роҷеъ ба ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ ва омӯзгор мушаххасот баён шудааст.
Дар маҷмуъ Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” барои тарбияи насли хештаншинос, кам шудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ояндаи дурахшони фарзандон нақши калидӣ гузошта, ба таҳкими худшиносиву донишманд шудани наврасон заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар мулоқот сарвари гимназияи №24 Замира Алиева низ иштирок ва баромад намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...