(2 голоса, среднее 3.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва роҳбарону масъулини муассисаҳои таълимии шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид.

Нахуст аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба 5 нафар хатмкардагони литсею гимназияҳои шаҳр, ки аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2023-2024-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи озмун барои дарёфти аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло комёб гардида буданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Нурулло Бобоев, хонандаи литсейи политехникии шаҳри Хуҷанд, Шоҳина Неъматова, Меҳрона Бобоҷонова, Мадина Абдунабиева муҳассилини литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Хусрав Раҳимов хонандаи гимназияи №24 медалҳои тиллоро дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ баъди супоридани имтиҳоноти ҷиддӣ ва шаффоф ба даст оварданд. Имрӯз онҳо аллакай ба донишгоҳҳои бонуфузи мамлакат ва хориҷи он дохил шудаанд.
Раиси шаҳр онҳоро ба дӯст доштани Ватан, бо дониши аълою ахлоқи намунавӣ хатм кардани муассисаи олӣ ва дар оянда ҳамчун мутахасиси баландихтисос ба воя расидан ҳидоятҳо намуд.
Сипас дар толори МТМУ №28 машварати августии кормандони соҳаи маориф ба кори худ оғоз намуд.
Шаҳноза Ҳасанова, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд оид ба ҳамкории шуъбаи маориф ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба афзалиятнок эълон гардидани соҳаи маориф маърӯза ироа намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори таҷлили бошукўҳи ҷашни фархундаи 35-Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рўҳияи баланди худогоҳию худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ бо дили гарму рўҳи қавӣ ва умеду орзуҳои нек ба ояндаи дурахшони кишвар фаъолияти назарраси худро баҳри таълиму тарбияи шоистаи насли наврас вусъати комил бахшида, ба як қатор дастовардҳои назаррас мушарраф гардиданд.
Дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади таҳкими пойдории бузургтарин дастоварди замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дарсҳои кушод ба роҳ монда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонону наврасон бо маром идома дорад.
Дар асоси Консепсияи миллии тарбия: тарбияи ғоявӣ, тарбияи миллӣ, тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи ватанпарастӣ,тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ, тарбияи маърифат, тарбияи ҳуқуқӣ, тарбияи гуманистӣ, тарбияи зебопарастӣ, тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ, тарбияи иқтисодӣ, тарбияи экологӣ, тарбияи сиёсӣ, тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи тафаккури интиқодӣ, тарбияи таҳаммул ва тоқатпазирӣ, тарбияи масъулиятшиносӣ, тарбияи ҳаёти солим дар муассисаҳои таълимӣ тибқи нақша-чорабинӣ корбарӣ рафта истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд 52 мактаб, аз он ҷумла 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 литсей, 4 гимназия, 16 мактаби хусусӣ, 1 мактаб интернати давлатӣ барои кўдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд, 1 комплекс кўдакистон-мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино ва Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамояд.
Ҷиҳати амалӣ намудани Қарори Раиси вилояти Суғд аз 28.10.2019, №429 «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 11.12.2019, №761 ва бо мақсади такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ Барномаи таҳиягардида муҳимтарин ҷиҳатҳои такмили омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ва маҷрои амалигардонии онро дар ҷараёни таълим - давлат, кормандони соҳаи маориф, муассисаҳои таълимӣ саҳмгузор буда метавонанд.
Барои татбиқи ин ҳадафҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, дарсҳои иловагӣ барои хонандагони сустхон ва болаёқат ташкил карда шудаанд. Баҳри баланд бардоштани таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар назди 26 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 54 гурўҳ бо забони русӣ фаъолият бурда, дар боқимонда кўдакистонҳо дарсҳои иловагӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ ҷорӣ карда шудаанд.
Ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр бо омўзгорони соҳибтахассуси забонҳои русӣ ва англисӣ таъмин буда, айни ҳол 242 нафар омўзгорони фанни забони русӣ ва 275 нафар омўзгорони фанни забони хориҷӣ фаъолият мебаранд.
Баҳри баланд бардоштани савияи дониши касбӣ тибқи нақшаи дурнамои Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф дар давраи ҳисоботӣ 29 нафар омўзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ аз курси такмили ихтисос гузаштанд.
Ҷиҳати иҷрои “Барномаи ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи муассисаҳои таълимӣ 58 адад компютер ва 14 адад тахтаи электронӣ, 13 адад принтер ва 17 адад проектор харидорӣ карда шуд.
Дар шаҳри Хуҷанд 33 муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ, як “Кўдакистони Президентӣ” ва 13 кўдакистонҳои хусусӣ “Дилоро”, “Афсона”, “Навбаҳор”, “Офтобак”, “Маркази омўзиш-Академияи бачагон”, “Гули ҳаёт”, “Ҳушёрак”, “Ворисони нек”, “Ҷаҳони орзу”, “Нурафшон”, “Меҳросо”, “Хуршеди Истиқлол”, “Оксфорд” бо фарогирии 10852 нафар кўдакон фаъолият доранд. Аз он ҷумла дар кўдакистонҳои давлатӣ 8844 нафар, дар кўдакистонҳои хусусӣ 962 нафар ва дар “Кўдакистони Президентӣ” 1046 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ки дар он 455 нафар мураббиён кор ва фаъолият мебаранд.
Тибқи нақша дар нимсолаи аввали соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти томактабии №15 озмуни “Мураббии сол” гузаронида шуд, ки дар он чор нафар мураббиён ба даври финалӣ роҳхат гирифтанд.
Сипас дар музокира сарвари МТМУ №5 Моҳира Азимова ва мудири кӯдакистони №16 Нигина Қодирова, доир ба мавзуъи матраҳшуда маърӯзаҳои иловагӣ намуданд.
Дар ҷараёни кори машаварат намояндаи Раёсати маорифи вилоят Бахтиёр Сарҳадов низ иштирок ва суханронӣ намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар машварати кормандони соҳаи маорифи шаҳр баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки ҳамасола баргузории машварати августии омўзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар арафаи оғози соли нави таҳсил ва таҷлили ҷашни фархундаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек буда, нишони қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба меҳнати фидокоронаи омўзгорон мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳамагон аз таҳаввулоту равандҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир огаҳӣ доранд ва хуб дарк мекунем, ки сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳр пешрафти хонандагони лаёқатманд зери назорати махсус қарор дода шуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати маърифатомўзии онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Боиси ифтихор аст, ки 5 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр ба гирифтани аттестати аъло бо медали тилло мушарраф гардиданд.
Шаҳрдор вобаста ба камбудиву мушкилоти соҳаи маориф низ андешаронӣ намуда, аз роҳбарон ва масъулини далдор даъват ба амал овард, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода гуфт, ки мо ва ҳама аҳли маориф ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо шаҳомату кўшиши дастаҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шогирдонамон, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар хоки поки муқаддаси ватанамон саҳмгузор бошем ва парчами илму донишро дар замири ҳар як хонанда партавафшон намоем.
Таъкид шуд, ки омўзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, пешаи омўзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале ифтихорист. Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрўзу фардои кишвар ва афзудани обрўю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамеша баҳри дастгирии омўзгорон омодааст ва дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ба муаллимон низ ҳамеша дасти ёриву мадади хешро мерасонад.
Сипас ба як қатор фаъолони соҳаи маориф Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...