8816
(1 голос, среднее 1.00 из 5)
17 Август 2024
Недоступен ни однин перевод.
ТАБИБОН ҲАБИБОНИ МОАНД!
Сокинони гиромии шаҳр, табибони арҷманд ва алоқамандони соҳаи тиб!
Рўзи 18-уми август ҳар сол чун анъана дар рўзи мавлуди асосгузори тибби ҷаҳонӣ, аллома ва файласуфи бузургу беназири олами Шарқ Абўалӣ ибни Сино иди касбии табибони тоҷик таҷлил мегардад ва ин тадбир нишони эътибору эҳтироми Ҳукумати мамлакат ва аҳли ҷомеа ба онҳоест, ки шабу рўз ҷон рўйи каф гирифта, баҳри ҳифзи солимии мардум талош меварзанд.
Ба ин муносибати нек аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шумо, собиқадорон, табибони ҳозиқ, ҳам-шираҳои шафқат ва кулли кормандони алоқаманди соҳаро бо иди касбӣ самимона муборакбод намуда, бароятон тани баофият, рўзгори ободу осуда, хотири ҷамъу болида ва дар кори пуршарафатон барору комёбиҳо хоҳонам.
Ба соҳаи тандурустӣ, ки соҳаи афзалиятноки ҷомеа маҳсуб меёбад, давлату ҳукумат таваҷҷўҳи доимӣ зоҳир менамояд ва муассисаҳои тибро бо техникаву таҷҳизоти замонавиву пешрафта таъмин менамояд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд: «Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки рушди соҳаи тандурустӣ таъмин карда шавад ва сокинони мамлакат ба хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд».
Дар ҳақиқат, рушди бомаром ва ҳадафмандонаи соҳаи ҳифзи сиҳатии омма ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат, тавсеаи шаклҳои мухталифи хизматрасонӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим, шароити мусоид фароҳам меорад.
Баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳр 17 муассисаи тиббии давлатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 1768 нафар корманди соҳаи тиб адои вазифа дорад. Аз ҷумла, 515 нафар табиб ва 1253 нафар ҳамшираи шафқат фаъолият намуда истодааст. Дар соҳа 46 нафар Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 нафар номзади илм, 3 нафар профессор, 6 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 8 нафар дорандаи “Медали шафқат” мебошанд.
Боиси зикр аст, ки ба соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷўҳи бештар зоҳир гардида, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он, бунёди муассисаҳои нав, навсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо, таҳкиму тавсеа ёфта истодааст.
Ҳамзамон, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол шумораи муассисаҳои нави тиббӣ зиёд гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ ва лавозимоти ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ ҷиҳозонида шуда истодаанд.
Дар ин радиф соли гузашта дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии “Дастаи дил”, бинои 4-ошёнаи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи профессор Юсуф Исҳоқӣ барои 700 донишҷў, бо синфхонаҳои таълимӣ, таҳлилгоҳҳои кимиёвӣ, биологӣ, утоқи дандонпизишкӣ, ошхона, бо 20 ҷойи корӣ, Маркази ташхису табобатии “Аксон”-и ҶММ “Наргис” ва Маркази тибби байналмилалии “Мармед” бо 30 мутахассис ҳусни оғоз бахшиданд.Марказҳои нави тиббӣ бо навтарин дастгоҳҳои ташхису табобат муҷаҳҳаз гардонида шуда, намудҳои зиёди ҷарроҳӣ, аз қабили ҷоғу рўй, чашм, узвҳои дарунӣ ва дигар намудҳои табобат ба роҳ монда шудааст.
Ҳамшаҳриёни азиз, кормандони тиб!
Бо бовари том метавон изҳор кард, ки кормандони соҳаи тандурустии шаҳр барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва ба ҳаёт татбиқ намудани тарзу усулҳои нав ба нави муолиҷа, пешгирии интишори бемориҳои сироятӣ ва мустаҳкам гардонидани саломатии аҳолӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд ва дар рисолати хеш содиқ мемонанд.
Ҳамаи шумо – табибон, кормандони соҳаи тибро бори дигар бо иди касбӣ табрик мегўям ва дар кори боифтихору пурмасъулиятатон барору комёбиҳо орзу мекунам.
Тандурусту хонаобод бошед, табибон ва шифокорони азиз!