(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар толори Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, сардори Раёсати ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳрат Ғанизода ва профессори кафедари ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо фаъолони шаҳри Хуҷанд мулоқот баргузор гардид.

Мулоқотро муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро шарҳ дод.
Сипас, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, сардори Раёсати ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳрат Ғанизода ва профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ тадбирҳои вобаста ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо намуданд. Таъкид шуд, ки яке аз шартҳои муҳимтарини рушди пешрафтаи давлатҳо ва ҷомеаҳои демократӣ конститутсионализм бо равишҳои зиёди назариявӣ-консептуалӣ ва амалии он мебошад. Он аз ҷониби ҷомеа ҳамчун асоси бунёдии пас аз сегонагии давлати демократӣ, рушди низоми сиёсӣ, ҳамбастагии ҳокимияти давлатӣ, ташкили сохторҳои институтсионалии ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф ва қабул карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба арзишҳои низоми демократӣ рӯй оварда, эъмори давлати соҳибистиқлолро пеш гирифтааст. Соҳибистиқлолии давлат, пеш аз ҳама, аз рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии қонунгузории ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад. Пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик давраи нави инкишофи давлатдорӣ оғоз гардид. Аз ҳамин давра сар карда, дар ҷомеаи навбунёди давлати тоҷикон равандҳои демократикунонии ҷомеа, ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ оғоз ёфтанд.
Зикр гардид, ки барои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба расмият даровардани истиқлолияти давлатӣ ва таъмини таҳкими ваҳдати халқу миллат, пеш аз ҳама, қабули Қонуни асосии давлат зарур аст. Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи мустақилонаи минбаъдаи он дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро рӯи кор овард. Дар ҷомеа ақидаю андешаи давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешию бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эътирофи имкон доштани мавҷудияти моликияти хусусӣ ба сифати шакли баробарҳуқуқии моликият ва ғайра, ки дар маҷмуъ андешаи машрутиятро (конститутсионализмро) ташкил медиҳанд, рӯ ба ҳастӣ ниҳодаанд. Дар раванди таҳия ва қабули Конститутсия бояд, ки халқи ҷумҳурӣ имкони ифодаи озодонаи фикру мулоҳизаро нисбат ба арзишҳои конститутсионӣ дошта бошанд. Таклифу дархостҳои шаҳрвандон то қадри имкон воқеан дар матни конститутсия ифода ёбад ва сохти конститутсионии пешбинишуда усулҳои демократии ташкили ҳокимияти давлатӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадаф қарор диҳад.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона калидӣ буда, дар рушди низоми сиёсии ҷумҳурӣ, ҳамбастагии шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ташкили сохторҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки маҳаки асосии конститутсионализм мебошанд, нақши асосӣ бозидаанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода низ дар чорабинӣ баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ки зимни пешниҳоди Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамалакат ва ҳамчунин дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин санаи 9-уми марти соли 2024 оид ба масъалаҳои мубрами ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нигаронида шуда буд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.
Шаҳрдор таъкид дошт, ки вобаста ба вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрўза, торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба мафкураи одамон ва дар ин ҳошия зиёдшавии омилҳои номатлуб байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон, инчунин ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ ва таъмини иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа дар раванди бунёдкорию созандагӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бахшида ба эълон гардидани соли 2024- «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз рўи усули «Маҳалла ба маҳалла» ва «Кўча ба кўча» то имруз бо сокинони 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд зиёда аз 70 вохўриҳо ва дар 52 муассисаи таълимии миёнаи умумӣ бо хонандагону омўзгорон ва волидайни онҳо сўҳбату мулоқотҳои судманд баргузор гардиданд. Зимни вохўрӣ аз ҷониби гурўҳҳои кории таблиғотӣ як қатор масъалаҳои мубраму ҳалталаб мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қайд гардид, ки маҳз донистану риояи ҳатмии талаботу меъёрҳои қонунҳои амалкунанда метавонад содиршавии ҳама гуна амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнокро пешгирӣ намояд. Бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хосатан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳадаф аз баргузории мулоқоту вохўриҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва динӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандустию ватанпарастӣ, пешгирии бадахлоқиву ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таассубу хурофот, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ифротшавии чавонон, тамоюли бегонапарастӣ, риояи фарҳанги либоспушӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, никоҳи хешутаборӣ, омода намудани ҷавонон ба оиладорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, вусъат бахшидан ба бунёдкориву созандагӣ, анҷом додани амалҳои хайру саховат, дастгирии ятимону бепарасторон, пешгирии исрофкорию зиёдаравӣ ё худ намоишкорӣ, тафриқаандозӣ, риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак», “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ иборат буд. Инчунин, аз ҷониби гурўҳҳои таблиғотӣ дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр низ оид ба пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва сафи ҳаҷравандагон аз тарафи ноболиғон ва омўзгороне, ки айни ҳол кору фаъолият менамоянд, бо волидайн сўҳбату мулоқотҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон, амалиётҳои “маданияти шаҳрдорӣ” низ ҳамарўза ҷараён дошта, ҷиҳати аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тарғиби либоси миллӣ дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр, марказҳои савдо, қади роҳ, бозорҳову растаҳо ва дар боғҳои фарҳангию фароғати корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардида истодаанд.
Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои арзишманди Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишварро оид ба иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳову стратегияҳо, инчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа, ки баҳри беҳбуд бахшидан ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ равона карда шудаанд, байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзўр намуда, бо ҳисси баланди миллию ватандорӣ фаъолияти хешро густурда ба роҳ мемонад.
Дар ҷараёни мулоқот ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аюб Усмонзода, сархатиби масчиди ҷомеъи Шайх Маслиҳатдин Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода баромад карда андешаҳои хешро доир ба мавзуъи матраҳгардида баён доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...