(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли 2024 сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми 6 моҳи соли 2024 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли таърихии 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади иҷрои қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, дар самти рушду инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст. Мавриди зикр аст, ки дар давраи ҳассоси тартиботи нави ҷаҳонӣ ва дар натиҷаи дарёфти захираҳои иловагӣ ба мо имконпазир гашт, ки рушди бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисодиёти кишварамон сифатнок таъмин гардида, нимсолаи аввали соли ҷориро бо дастовардҳои назаррас натиҷабардорӣ намоем.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки натиҷаҳои пурмаҳсули саноатикунонии босуръат имкон дод, ки аз ҷониби корхонаҳои калону хурд 898,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шавад. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли сипаригашта 24,5 дар сад ё 178,6 млн. сомонӣ зиёд шудааст. Аз миқдори умумии маҳсулотҳои истеҳсолгашта 188,5 млн. сомонӣ ба хориҷи кишвар содир шуда, аз ҷониби 104 корхонаҳо маҳсулотҳои воридотивазкунанда ба маблағи 403,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 33,9 млн. сомонӣ ё 9,2 фоиз зиёд гаштааст. Дар раванди рушду инкишофи ин соҳа бо ҷалби зиёда аз 35,0 млн. сомонӣ сармояҳо, 32 адад корхонаҳои нави истеҳсолии хурд дорои 273 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Дар навбати худ дар соли ҷорӣ тамоми корхонаҳои шаҳр фаъолияташонро самаранок ба роҳ монда, нерўи барқро сарфакорона истифода бурдаанд, ки дар натиҷа имрўз талафоти барқ то ба 7,2 фоиз поён рафта, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафи стратегӣ - Истиқлолияти энергетикӣ замина гузошта истодааст. Новобаста аз таъсири омилҳои манфии беруна, дар дигар сектори реалии иқтисодиёти шаҳр низ нишондиҳандаҳои асосӣ пурраю барзиёд таъмин гардида, ҳаҷми маблағгузории асосӣ 417,5 млн. сомонӣ ё 115,7 фоиз, корҳои сохтмонию васлкунӣ 299,7 млн. сомонӣ ё 104,7 фоиз, ҳаҷми корҳои пудратӣ 188,5 млн. сомонӣ ё 152,8 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 838,7 млн. сомонӣ ё 100,1 фоиз, ҳаҷми муомилоти гардиши мол 2,2 млрд. сомонӣ ё 114,0 фоиз, ҳаҷми муомилоти савдои берунмарзӣ 212,9 млн.доллари амрикоӣ ё 146,0 фоиз, воридоти молҳо 188,0 млн. доллари амрикоӣ ё 160,0 фоиз, сармоягузорӣ 33,2 млн. доллари амрикоӣ ё 195,0 фоиз, шумораи кашонидани бор 1 млн. 950,0 ҳазор тонна ё 123,0 фоиз, мусофиркашонӣ 48,5 млн. нафар ё 119,0 фоиз ва музди миёнаи маоши кормандон 2 ҳазору 279,6 сомонӣ ё 108,0 фоизро ташкил додааст.
Дар заминаи самаранок истифода бурдани имкониятҳои иловагии тамоми соҳаҳо нақшаи қисми даромади буҷети умумӣ 111,6 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 105,4 фоиз иҷро гардид. Ҳаҷми андозҳою пардохтҳои воридшуда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли сипаригашта, буҷети умумӣ 38,6 млн. сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 8,2 млн. сомонӣ зиёд таъмин шуд. Боиси тазаккур аст, ки дар ин давра ҳамаи 10 намуди даромадҳои андозии буҷети давлатии ба нақша гирифташуда бо барзиёдӣ таъмин гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки баҳри фаъолияти самараноки сохторҳои давлатӣ, аз буҷети маҳаллӣ саривақт маблағгузорӣ карда шуда, қарздорӣ аз музди маош дар соҳаҳои буҷетӣ ҷой надорад. Дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ низ корҳои амалишуда назаррас маҳсуб ёфта, дар шаҳр як лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 27,1 млн. доллари амрикоӣ босамар татбиқ шуда истода, азхудкунии маблағҳо аз аввали татбиқи ин лоиҳа ба 19,9 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст. Маблағҳои қарзӣ низ, сари вақт пардохт шуда истодаанд.
Мавриди тазаккур аст, ки бо мақсади пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, дар панҷ сол сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншоотҳои ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, то имрўз 518 адад ё 55,0 фоизи онҳо бунёд карда шудааст. Аз миқдори умумии иншоотҳои бунёдшуда, 112 адади он ба нимсолаи аввали соли ҷорӣ рост меояд, ки он 58,9 фоизи нақшаи соли ҷориро дарбар мегирад.
Шаҳрдор гуфт, ки дар корҳои ободонию гулзоркунӣ саҳми соҳибкорону аҳолӣ низ, мунтазам фаъол гардида, дар мавзеъҳои шаҳр дарахтони ороишию мевадиҳанда ва ҳамешасабз, инчунин гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад.
Дар ин давра баҳри дастгирии иҷтимоии ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат 5310 оилаҳо аёдат карда шуданд.
Зикр гардид, ки ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷўҳи бештар зоҳир гардида, истодааст.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо толибилмони шаҳр бо ҳисси баланди завқу шавқи донишомўзӣ дар олимпиадаҳои гуногуни фаннии сатҳи баланд иштирок намуда, танҳо дар давраи ҳисоботӣ дар озмуни байналмилалӣ 279 нафар ҷойҳои ифтихорӣ, дар озмуни ҷумҳуриявӣ 90 нафар ҷойҳои ифтихорӣ ва 157 нафар дар даври вилоятӣ сазовор гардиданд.
Бо мақсади тақвияти соҳаи тандурустӣ ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар ва дар сатҳи баланд гузаронидани муолиҷа ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ як қатор усули нави табобати беморон таҷҳизоти нави дастгоҳи эндоҷарроҳии замонавӣ ба намуди Артраскоп ворид гардидааст.
Инчунин, баҳри дастрасии аҳолӣ ба доруворӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маблағи 340,5 ҳазор сомонӣ маводи доруворӣ харидорӣ ва дастрас карда шудааст.
Дар самти баланд бардоштани сифати тахассусии кадрҳо 10 нафар табибон дар давлатҳои хориҷи кишвар ба монанди Ҳиндустон, Қазоқистон ва Россия курси бозомузии такмили ихтисосро хатм карданд.
Дар самти рушди маънавии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ 72 адад чорабиниҳои гуногун доир гардид, ки дар он зиёда аз 43 ҳазор нафар сокинон иштирок намуданд.
Раиси шаҳр гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати пешгирии тамоюли тақлидкорӣ ба пўшидани либосҳои бегона, зиёдаравӣ дар маросимҳои сафари ҳаҷ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таассубу хурофот ва ифротшавии чавонон дар ҳамкорӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони 22 маҳаллаҳои шаҳр, дар ҳамаи корхонаю муассисаҳо, марказҳои савдо ва бозору растаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд.
Дар баробари дастовардҳои ноил гардида, дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ҳоло масъалаҳои ҳалталаб ҷой доранд ва мо бо истифода аз тамоми имкониятҳо баҳри ҳалли онҳо чораҳои ҳамарўза меандешем.
Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода изҳор умедворӣ намуд, ки кулли сокинони шаҳр дар ин соли таърихӣ, бо руҳияи баланди созандагию ташаббускорӣ ва меҳнати софдилона баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода саҳми босазо мегузоранд.
Сипас дар қисмати саволу ҷавоб ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷониби рӯзноманигорон, аз ҷумла: Мирзоаъзам Мақсудов, рӯзномаи “Садои мардум”, Ҷовиди Аштӣ, рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Мадина Поччоева, рӯзноманигори мустақил,, Алишер Охунов, ОИ “Сугднюс”, Қамари Аҳрор, ОИ “Спутник”, Мафтуна Шукурова, ШТР “СМ-1”, Ӯғулой Раҷабова ШТР “7 ситора”, Фарзон Муҳаммадӣ, радиои “Озодӣ”, Фарзона Муродӣ, ОИ “Азия плюс””, Раъно Муҳаммадова маҷаллаи “Кайҳон”, Фарзона Шамсиева,” Пресса тҷ”. Озод Мелибоев “Маънавиёт”, Гулҷаҳон Маҳкамова “Бонувони Тоҷикистон”, Нодир Турсунов “Ҳақиқати Суғд” ва дигарон доир ба самтҳои мухталифии хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла, бунёди хонаҳои баландошёна, хизматрасонии коммуналӣ, пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ, тадбирҳои ободонӣ, фаъолияти муназзами нақлиёти мусофиркаш, ободонии маҳаллаҳо, маданияти шаҳрдорӣ ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.
Дар поёни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар самти корҳои ободониву созандагӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои мардум ҳамкории мутақобилаи судмандро ба роҳ монанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...