(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори прокуратураи шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор гардид.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода ҷаласаро ҳусни оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони кумитаи маҳаллаҳо, нозирони минтақавӣ, роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ ва дигар шахсони масъул ҳузур доранд.
Сипас, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Хуҷанд Алиҷон Нурматов роҷеъ ба вазъи риоя ва иҷрои қонунгузориҳо дар бораи замин, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва таҷрибаи тафтишӣ - судии ҷиноятҳо дар ин самтҳо дар давраи солҳои 2022-2023 ва нимсолаи якуми соли равон дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Кумитаи идораи замин, мақомоти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, инчунин дигар мақомоти марбута баромади муфассал намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ ва прокуратураи вилоят оид ба таъмини риоя ва иҷрои меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бахусус мавриди ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмон ва иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ пайваста тадбирҳои қонунӣ андешида, бо ин мақсад фаъолият бештар ба ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо, баланд бардоштани масъулияти субъектони муносибатҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ равона карда шудааст.
Зикр карда шуд, ки прокуратураи шаҳр дар давраи таҳлилӣ, яъне 2 солу 6 моҳи охир баҳри таъмини назорати дахлдори иҷрои конунгузории замин ва шаҳрсозӣ дар ҳудуди шаҳр чораҳои зарурӣ андешида, дар ин самт 14 маротиба санҷишҳои самаранок гузаронидааст.
Тибқи санадҳои эътиноии прокурорӣ 13,43 га (2022-9,2 га, 2023-3,03 га, 6 моҳи соли 2024-1,2 га) заминҳои маҳалли аҳолинишин ба ҳолати аввала баргардонида, дигар чораҳо барои пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи замин андешида шудааст.
Дар ин давра, ба прокуратураи шаҳр ҳамагӣ 70 муроҷиат оид ба вайрон гардидани ҳуқуқҳои шаҳрвандон оид ба замин ворид гардид, ки аз ин 17 адад соли 2022, 25-адад соли 2023 ва 28-адад дар 6 моҳи аввали соли 2024 буда, 29-адад қонеъ, ба 41-адад талаботи қонун фаҳмонида дода шудааст.
Таҳлил нишон дод, ки теъдоди муроҷиатхои шаҳрвандон ва қонунвайронкуниҳо нисбат ба давраи солҳои сипаришуда ру ба афзоиш ниҳодааст. Аз ҷумла, шумораи муроҷиатҳои танҳо 6 моҳи якуми соли 2024, аз шумораи муроҷиатҳои солонаи 2023 сол 3 адад зиёд мебошад. (с.2023-25 адад ва 6 моҳи соли 2024-28 адад), ё худ теъдоди қонунвайронкуниҳои дар 6 моҳи аввали соли 2024 ошкоргардида бо нишондиҳандаҳои солонаи солҳои 2022 ва 2023 қариб баробар мебошад.
Сипас, дар музокираи масъалаи мазкур Набихон Охунов, раиси кумитаи идораи замини шаҳр, Равшан Раҳимзода сармеъмори шаҳр, Носир Ғафурзода, директори КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”дар шаҳри Хуҷанд, Ҷамшед Маҳкамзода, сардори Хадамоти назорати давлатии сохтмон ва меъморӣ дар вилояти Суғд ва дигарон баромад намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр доир ба фаъолияти аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, сохтмончиён, соҳибкорони биносоз, хадамоти назорат дар соҳаи сохтмон, нозирони минтақавии милитсия ва ғайраҳо мубодилаи афкор сурат гирифта, масъулини дахлдор ҷиҳати иҷрои қонунгузории замин вазифагузорӣ гардиданд, ки бахусус назоратро аз вақти оғози сохтмон ба роҳ монанд ва пеши роҳи ҳолатҳои ишғоли қитъаи замин ва сохтмони худсарона гирифта шавад.
Дар анҷоми ҷаласа Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Нозимзода баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки маҳз ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сохтмон ва шаҳрсозӣ дар мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд пеш рафта истодааст. Прокуратураи шаҳри Хуҷанд дар партави дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, ҷиҳати пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ дар самти истифодаи самараноку оқилонаи замин, пурзӯр намудани назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва такмил додани усулҳои идоракунии захираҳои замин тадбирҳои зарурӣ меандешад. Масъулини кумитаи идораи замин ва шуъбаи меъморию шаҳрсозӣ вазифадор карда шуданд, ки мунтазам санҷишҳо гузаронида, доир ба ҳолатҳои ғайриқонунӣ ишғол намудани қитъаҳои замин, хариду фурўши замин ва сохтмони худсарона ба унвони прокурори шаҳр ахбороти хаттӣ пешниҳод намоянд.
Бахтиёр Нозимзода бо истифода аз ҳузури аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр аз тамоми сохторони марбут ба назорат ва истифодабарии замин, бахусус кумитаи идораи замини шаҳр, шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, Хадамоти назорати давлатии сохтмон ва меъморӣ дар вилояти Суғд, ширкатҳои сохтмонӣ ва дигар масъулин даъват ба амал овард, ки фаъолиятро ҷиҳати пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ дар самти истифодаи самараноку оқилонаи замин, назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, босифат анҷом додани корҳои сохтмонии биноҳои баландошёна, риояи техникаи бехатарӣ дар сохтмон, муҳайё намудани инфрасохтор ва ғайраҳо пурзӯр намуда, масъулияти хешро бештар ҳис намоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...