04 Июл 2024
Тибқи ҷадвали баргузории вохўрии вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум бо интихобкунандагон дар МТМУ №25-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили маҷлиси вакилони вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Чашмаи Арзана 7» Илҳом Исобоев бо интихобкунандагон сурат гирифт.
Илҳом Исобоев зими суханронии худ доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, қонунҳои нав таҳиягардида ва дигар масоили рӯзмарра андешаронӣ намуда,аз ҷумла афзуд, ки Сарвари давлат ба соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти муҳимму муосири ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки дар солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст.
Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст.
Ҳамзамон Пешвои миллат, бо назардошти имкониятҳои мавҷуда, бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти сайёҳӣ ва назорати қатъии онҳо супориш доданд, ки таҳти роҳбарии муовини дахлдори Сарвазири кишвар бо шомил намудани яке аз муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурўҳи кории босалоҳияти доимӣ таъсис дода шавад.
Инчунин таъкид доштанд, ки амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва заргарӣ, инчунин, касбу ҳунаромўзии шаҳрвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ба зиммаи ин гурўҳи корӣ вогузор карда шавад.
Ҳамчунин супориш дода шуд, ки ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гўшаҳои ҳунармандӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар ҳамаи мағозаву бозорҳо ба роҳ мондани фурўши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, хусусан, маҳсулоту маснуоти ҳунарҳои мардумӣ масъалаҳое мебошанд, ки бояд зери назорати гурўҳи корӣ қарор дода шаванд.
Дар ин самт Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии мамлакат муваззаф гардиданд, ки додани қарзҳои хурди имтиёзнокро барои рушди хунармандиву косибӣ васеъ ба роҳ монанд.
Сипас, дар назди ҳозирин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Инъомҷон Поччоев баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошанд, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар шавад ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд. Мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи шаҳри Хуҷандон, хусусан, бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, минбаъд низ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон бо ҳисси баланди миллӣ ҳушёру омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.
Дар ҷараёни мулоқот интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии “Чашмаи Арзана №7” доир ба муаммоҳои гуногуни ҷомеа ва пешниҳодоти мушаххас дар самти ободонии маҳалли зист андешаҳои хешро баён доштанд.
Бояд қайд намуд, ки чунин мулоқотҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд дар дигар ҳавзаҳои интихоботӣ низ баргузор мегардад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар мулоқот Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд