03 Июль 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, қонунҳои нав таҳиягардида ва дигар масоили рӯзмарра силсилаи мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят оғоз гардид.
Нахуст чунин вохўрӣ дар беморхонаи шаҳрии №2 бо вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда№2»-и шаҳри Хуҷанд Саодат Аминҷонова бо интихобкунандагони ҳавзаи мазкур баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.
Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки санаи 20-уми июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 35 қонун, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Дар бораи нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо» имзо гузоштанд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таҳрири нав қабул гардида, ба мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, таълиму донишомӯзӣ, тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ равона шудаанд.
Қонунҳои баимзорасида ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва қонунияту тартибот равона шудаанд.Бояд қайд намуд, ки дар ҷараёни мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба вакили вилоятӣ аз ҷониби интихобкунандагон суолу дархост пешниҳод гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд