15 Декабр 2014
Раиси шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи кории худ дар баробари дастури зикгардида таъкид намуд, ки аёдати шахсони барӯманди шаҳр ва оилаҳои камбизоат низ пешбинӣ карда шуда, ба ҳамаи онҳо кӯмаки яквақтаина иборат аз маводи ғизо ва тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шавад.
Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади фароҳам овардани имконияти дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти босифат ва нисбатан арзон дар арафаи соли нав бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд намоиш - фурӯши маҳсулои кишоварзӣ ва хӯрока ташкил карда мешавад. Намоиш фурӯш санаи 27 декабри соли равон дар се мавзеи шаҳр,- майдони «Ситораҳои Хуҷанд», микроноҳияи 12-ум ва маҳаллаи 20-ум баргузор мегардад. Тамоми корхонаю муассисаҳои истеҳсоли маводи ғизои шаҳри Хуҷанд ва хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои вилояти Суғд дар намоиш ширкат намуда, маводи худро манзури харидорон хоҳанд кард.