(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо садо додани Суруди миллӣ дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона оғоз гардид.

Номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ба самъи фаъолони шаҳр расонида шуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Мардуми шарафманди вилоят солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки падидаи нодир ва дастоварди беназири даврони соҳибистиқлолиамон маҳсуб меёбад, бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол мегирад.Соли равон дар партави “Соли маърифати ҳуқуқӣ” муҳтавои муқаррароти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки дар кишвар амал мекунанд, бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ тарғиб мегардад, итминон аст, ки тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат хоҳад намуд. Пешвои миллат ба маврид зикр намудаанд: “Мо, тоҷикон, таърихан миллати фарҳангӣ ва халқи сулҳпарвару сулҳовар ҳастем. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шуда, ҷаҳониён ташаббусҳои Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон истиқбол менамоянд”.
Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳозиринро бо ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки дар таърихи халқияту миллатҳои ҷаҳон санаҳои муҳим ва ҳодисаҳо сабт шудаанд, ки аҳамият ва арзиши онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати бебаҳо арзишманд мегардад. Барои мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин санаи муҳиму сарнавиштсоз дар баробари Истиқлолияти давлатӣ, ҳамзамон Рўзи Ваҳдати миллӣ мебошад, ки дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёди мо бо ҳарфҳои заррин нақш бастааст. Воқеан, ҳам 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон санаи хотирмону тақдирсоз, ҳамчун Рўзи тантанаи оромиву ҳадафҳои наҷиби халқи тоҷик дар роҳи душвори барқарор намудани сулҳу Ваҳдати миллӣ ва амалӣ намудани қарорҳои Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин санаи таърихӣ пас аз қаҳрамониву ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Боиси қаноатмандӣ ва ифтихор аст, ки сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифта, таҷрибаи сулҳофарии миллати мо мавриди омӯзиш ва тадқиқи як қатор давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ба тавсиб расидани ин ҳуҷҷати муҳиму ваҳдатофар барои мо тоҷикистониён сулҳи бунёдкорро армуғон оварда, ҷиҳати вусъати беназири раванди созандагӣ дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ такони бузург бахшид.
Шаҳрдор гуфт, ки ҳар миллат ва ҳар халқро танҳо Истиқлолияти комил ва ваҳдати пойдор ба кўйи мурод расонидаасту маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошта шуд. Инак, зиёда аз сӣ сол аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оштӣ, оромӣ, амният ва ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар бурда, барои таҳкими озодӣ, пешрафту ободии диёр ва таъмини некўаҳволию осоиш кўшиш ба харҷ дода, бо ҳидояту раҳнамоиҳои меъмори сулҳу ваҳдат, Сарвари мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои баланди музаффарияту шукуфоиро фатҳ карда истодаанд. Дар ин муддати кўтоҳи таърихӣ ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки роҳи беш аз садсолаи рушду тараққиётро тай намуда, ба комёбиҳои азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмӣ ноил гардад.Хушбахтона, имрўзҳо дар ҳамаи гўшаву канори мамлакат аз сулҳу ваҳдат, созандагию бунёдкориҳо ва ҳамчунин аз корнамоиву ҷоннисориҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандиву шукргузорӣ ҳарф мезананд.
Ин ҳама пешравию ободкориҳо самараи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллист, ки ҳамасола бо як дилгармии беандоза, ҳамчун иди муқаддас дар саросари кишвар ба таври мутантан таҷлил мегардад.
Раиси шаҳр гуфт, ки самараи ваҳдат аст, ки имрўзҳо дар шаҳри Хуҷанд низ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва роҳнамоиву нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пешравию ободониҳо, бунёдкориву созандагиҳо бомаром идома ёфта, ба як қатор дастоварду комёбиҳо ноил гардида истодаем.
Аз ҷумла бунёду азнавсозии иншооти азиму замонавӣ, корхонаҳои саноатӣ, муштарак ва хурду миёна, биноҳои баландошёна, мактабу боғчаҳои бачагона, боғҳои фароғатию фарҳангӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҳавзи шиновариву майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои савдою хизматрасонӣ, аз ҷумла ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангиву таърихии Қалъаи Хуҷанд баъди азнавсозӣ ва ғайраҳо мебошад, ки маҳз ба шарофати амну осиштагӣ ва фазои комили сулҳ амалӣ карда шуданд.
Таъкид шуд, ки агар ба саҳифаҳои таърихи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ рӯй оварем, пеш аз ҳама, хидмат ва нақши беназиру мондагори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳ, ризоияти миллӣ, фаъол намудани ҷунбиши пуриқтидори халқӣ, монанди Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон зикр кардан айни матлаб буда, он ҷоннисориву ҷонбозиҳои Роҳбари Давлатро метавон чун қутбнамои фаъолияти мардуми тоҷик эътироф кард. Истиқлолияти Тоҷикистон агар заминаҳои озодӣ, бунёдкорӣ, пешравӣ ва такомули ҷомеаро эҷод карда бошад, Ваҳдати миллӣ дар амалӣ шудани ин ниятҳо умеди тоза ато кард ва Тоҷикистон имрўз ба як кишвари сарсабзу хуррам ва пешрафту рӯ ба тараққӣ мубаддал гардид. Истиқлолият ва ваҳдат дар рушди тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мардум, дар инкишофи тафаккури таърихӣ, хештаншиносӣ, равнақу ривоҷи шуури миллӣ таъсири бузурге гузошт. Дар давоми зиёда аз 30 соли истиқлолият ва 27 соли ба даст овардани Ваҳдати миллӣ дар ҷодаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бо назардошти дастовардҳои маънавию руҳонии ниёгонамон дар кишвар воқеаҳои фараҳбахш ва таърихӣ рўи кор омаданд, ки онҳо низ саҳифаи бобаракати таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро мунаввару музайян менамоянд.
Зикр гардид, ки соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳу азнавсозии Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” иштирок намуда, бори дигар ба фарҳангу маданияти бойи Хуҷанди қадима, вале ҳамешаҷавон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки “.....минбаъд мо анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, ба аҳли башар исбот созем, ки мо миллати тамаддунсозу соҳибфарҳанг, шаҳрдору шаҳрсоз. соҳибдевону соҳибқалам, соҳибмаърифат ва ҳамеша созандаву бунёдкор будем ва ҳастем”.
Ба ибораи дигар, ин чорабиниҳои бузург ба Ваҳдати миллии тоҷикон таҳким бахшид ва бори дигар собит сохт, ки мардуми мо аз азал дар сиришти хеш мароми ваҳдат ва ҷавҳари сулҳофариниро мепарварад ва дар таърих ҳамчун халқи сулҳҷў ва ваҳдатофарин шўҳрат пайдо кардааст. Ҳамин тариқ, бунёдкориву созандагиҳо ва пешрафту ободониҳо собит месозанд, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба афзунии баракати рӯзгори мо мусоидат хоҳад кард.
Ҳоло барои он, ки ин давлат ва марзу буму ин сарзамини муқаддасу воқеан, биҳиштосо насиби ҷовидонии миллати куҳанбунёди тоҷик гардад, мову Шумо ва насли ҷавони имрўза бояд бо эҳсоси гарми ватандўстию ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ онро самимона дўст дорем, бо таъмини волоияти қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ҳар зарраи хоки он ва ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, ба хотири ободиву шукуфоияш ҳамеша талош варзем.
Фирдавс Шарифзода вобаста ба эълон гардидани соли 2024- Соли маърифати ҳуқуқӣ зарурати баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ, дарку эхсоси боз ҳам амиқи арзишҳои миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ, таваҷҷўҳ ба забону фарҳанг, мероси таърихии халқи худ ва анъанаву суннатҳои миллиро таъкид дошта афзуд, ки мо бояд дар чаҳорчўбаи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда зиндагӣ ва кору фаъолият карданро омўзем ва риояи муқаррароти қонунро бо одати ҳатмӣ ва ҳаррўзаи худ табдил диҳем. Вазъияти ҷаҳони имрӯза, ки хеле ҳассосу мураккаб гардидааст, ҳар як шаҳрванди кишварро водор месозад, ки ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Имрўзҳо равияҳои тундрави терроризм ва ифротгароӣ, ки оқибатҳои фоҷиабору ҳалокатовари он ба ҳамагон равшан аст, беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Бинобар ин, ҳар яки мо дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷинояткорӣ тадбирҳои муассир андешем. Ба ҳар гуна воқеаҳои сиёсӣ баҳои воқеӣ дода, ҳизбу равияҳое, ки имрўз давлати тинҷу ороми моро халалдор месозад, маҳкум намоем.
Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода изҳори умедворӣ намуд, ки мо ҳамагон дар ҳамдастию шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ барои ҳифзи ваҳдати сартосарии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи имкону тавонмандиамонро ба кор бурда, ҷашнҳои муқаддасу бузурги миллиамон 30-солагии қабули Конститутсияи давлатӣ ва 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо комёбиву дастовардҳои назаррас пешвоз мегирем ва барои пешрафту шукуфоии кишвари азизамон, аз ҷумла боз ҳам зебою назаррабо намудани маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дўстӣ, бародарӣ ва Ваҳдат аст.
Барномаи фарҳангии фарогири сурудҳои ватандӯстона ва тараннумгари сулҳу Ваҳдат ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...