26 Июн 2024
Тибқи нақшаи муштараки воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳу тавзеҳи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ” дар бинои Кумитаи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд мулоқот бо сокинони маҳаллаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар мулоқот Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Мунзифа Пӯлотова, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, судяи суди шаҳри Хуҷанд Маъруф Рустамзода ва Раҳмонов Илоҳомиддин ноиби имоми масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ, маданияти шаҳрдорӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва пешгирии амалҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, ва инчунин дар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, ки тағиру иловаҳо ворид карда шудааст. Корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд