25 Июн 2024
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат меёбад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар соҳили рости дарёи Сир бо лоиҳаи азнавсозии шиногоҳ ва роҳраву истироҳатгоҳи шафати он шинос гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ҳудуди шиногоҳ пурра азнавсозӣ карда шуда, ин мавзеъ ба минтақаи истироҳатии замонавӣ табдил дода мешавад.
Дар асоси лоиҳа аз пули куҳнаи шаҳр то пули «Ҷашнӣ» ба дарозии 2 км ва паҳноии 8 метр роҳрав бунёд шуда, дар шиногоҳ ва роҳрав таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан, нишастгоҳҳо гузошта хоҳад шуд.
Дар маҷмуъ, ин мавзеъ ба макони истироҳативу варзишӣ табдил ёфта, айни замон корҳои бартарафсозии иншооти ғайриқонунӣ ҷойгиршуда идома дорад.
Раиси вилоят ба масъулин барои татбиқи лоиҳа ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳо супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки соҳили дарё ҳамеша макони дӯстдоштаи сокинон ба ҳисоб меравад ва бо назардошти ин бояд минтақаи истироҳатӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд