15 Июн 2024
Дар қисми ҳарбии 03377-и Комендатураи ҳарбии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд маросими савгандёдкунии сарбозони қисми ҳарбии мазкур бо ҳузури прокурори вилояти Суғд, мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм Фурқат Хоҷазода, комиссари ҳарбии вилоят генерал – майор Умед Солеҳзода ва волидайни сарбозон баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сарбозон бо навбат баҳри хизмати содиқона ба Ватану миллат қасам ёд намуданд.
Прокурори вилояти Суғд, мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм Фурқат Хоҷазода наваскаронро ба муносибати маросими савгандёнкуниашон табрику таҳният намуда, аз ҷумла қайд кард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар марҳилаи рушд қарор гирифта, рўзгори мардум обод гашта, халқ шукри осмони софу мусаффо ва сулҳи бебозгашт карда, ба ояндаи дурахшон дилпурона назар меандозанд.Хизмат ба Ватан баробари хизмат ба модар аст. Имрўз дар ҳаёти наваскароне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои нахустини худро гузошта истодаанд, яке аз саҳифаҳои хотирмон ва дурахшонтарини хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб меравад. Зеро онҳо садоқатмандонаву ботантана ба халқи худ ва Сарвари давлат савганд ёд мекунанд.
Фурқат Хоҷазода афзуд, ки аввалин қарзи Шумо ҷавонмардон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрўз Шумо наваскарон сарбаландона баҳри орому осудагии ҳалқ ихтиёрӣ сафарбар гардида истодаед. Шодиву суруратон аз он шаҳодат, медиҳад, ки сол аз сол ҳисси меҳанпарастии ҷавонон баланд шуда, Шумо дар тақдири давлатдории навини тоҷикон бетараф нестед. Имрўз Ҳукумати мамлакат доир ба масъалаҳои таъминоти моддӣ ва мустаҳкам гардонии иқтидори мудофиавии Қувваҳои мусаллаҳи кишварро таҳти таваҷҷўҳи хоса қарор додааст. Зеро Артиши миллӣ сипари тавоно ва кафили осудагиву амнияти мамлакат маҳсуб меёбад.
Бо гузашти низомӣ чорабинӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд