15 Июн 2024
Ҳамшаҳриёни азиз!
Имрўз мо дар арафаи иди саиди Азҳо – Қурбон қарор дорем ва фардо тамоми сокинони кишвари ободу озоди мо дар фазои сулҳу салоҳ яке аз идҳои суннатии хешро таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат ҳар яки шуморо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона табрик намуда, имону эътиқоди комил, иҷобати дуоҳо ва саодати рўзгорро таманно дорам.
Мардуми шарифи Тоҷикистон маҳз ба шарофати Истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ ба эҳёи суннату анъанаҳои неки гузашта, таҷлили иду маросими динӣ бо ҳақиқати том ва диди тоза назар андўхт.
Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузориву эҳтиром ба анъанаву маросим ва суннатҳои мардумӣ ҷузъи сиёсати давлатдорӣ гашта, баробари дигар санаҳои муҳими таърихии ҳаёти кишвар идҳои саиди Фитр ва Азҳо ба ҳайси ҷашни расмии давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегарданд. Ин худ нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба таърих, фарҳанги мардумӣ ва маросими марбут ба дини мубини ислом мебошад.
Сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд дар қатори тамоми мусалмонони ҷаҳон ин идро, ки аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол мекунанд.
Воқеан, Иди саиди Қурбон аз ҷумлаи суннатҳои мардуми мусалмон буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, некиву накўкорӣ, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу ақрабо, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон, хайру эҳсон ба ятимону маъюбон ва дармондагону ниёзмандонро ташкил медиҳад.
Ҷавҳари аслии он дар ҳамдигарфаҳмӣ, дўстиву рафоқат, ҳусни тафоҳум, рафтору гуфтори нек ва бародариву баробарии мардум инъикос меёбад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Таълимоти дини мубини ислом ва ғояи усулии он дар баробари тоату ибодат, инчунин сарчашмаи адаб ва махзани бузурги панду андарз мебошад. Зеро он ҳамеша некиву накўкорӣ ва бародариву баробариро тарғибу талқин намуда, хушунату зўроварӣ ва ифротро маҳкум мекунад».
Чуноне аз таълимоти дини мубини ислом бармеояд, мо бояд сабру таҳаммулро пеша кунем, ба фардои зиндагӣ некбинона назар намоем ва фарзандони хешро низ дар ҳамин рўҳия тарбия кунем.
Боварии комил дорам, ки минбаъд низ мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ пуштибонии худро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода идома бахшида, баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳри азизамон саҳми босазои худро хоҳад гузошт.
Зикр бояд намуд, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёриро ба ҷо овардан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии давлатамонро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидан, барои ободиву пешрафти Ватан содиқона заҳмат кашидан низ рисолат ва вазифаи имониву инсонии ҳар яки мост.
Яке аз фазилатҳои асосии Иди Қурбон дасти ёрӣ дароз кардан ба мискинону ниёзмандон аст. Хушбахтона, дастгирии моддӣ ва кўмак ба эҳтиёҷмандон дар рўзҳои ид аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо ва шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ба ҳукми анъанаи нек даромада истодааст.
Дар ин рўзи муборак, таманно дорам, ки дар кишвари мо сулҳу субот то абад поянда бошад ва хонадони ҳар сокини Тоҷикистон ободу осуда, пур аз саодату некбахтӣ ва файзу баракат гардад.
Бори дигар, фарорасии Иди саиди Қурбонро ба шумо табрик гуфта, тани сиҳат, иқболи нек ва барори кор орзу дорам.