04 Июнь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар яке аз кўчаҳои номнадоштаи микроноҳияи 27-уми маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд маросими расми кушоди лавҳаи хотиравӣ ва номгузорӣ намудани яке ба номи Бобоҷонов Юсуфҷон баргузор гардид.
Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки бузургдошти шахсиятҳои маъруф, инсонҳое, ки бо кору амалҳои нек дар зиндагӣ аз худ нақше барои фардоиён боқӣ гузоштаанд, аз рисолатҳои азалии мардуми сарбаланди мо маъсуб меёбад. Ва чунин шахсиятҳои шинохта ҷузъи ҷудонопазири таърихи халқу миллат ҳастанд ва номи онҳо дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, наслҳои ояндаро дар руҳияи ватанпарварӣ тарбият менамоянд.
Гузашти ҳар рўзи ҳаёти мо дар кишвари соҳибистиқлоламон ба рўйдодҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ сипарӣ шуда, моро ба таҷлили бузургтарин воқеаи таърихӣ 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик месозад.
Имрўз дар арафаи ин ҷашни бузург номгузорӣ гардидани яке аз кўчаи номнадоштаи микроноҳияи 27-уми маҳаллаи Ваҳдат ва гузоштани лавҳаи хотиравии Духтури дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Иттиҳоди Шўравӣ фоли нек меҳисобем, ки ин ҳам арҷгузории мо ба гузаштаи наздик, ба корномаи шахсиятҳоест, ки тамоми умри бобаракаташон харҷи хизмати халқу Ватан гардидааст ва ҳаёташон бо маънои томаш дарси зиндагӣ, мактаби тарбия мебошад.
Ба зиндагиномаи номзади илмҳои тиб, дотсент, Корманди шоистаи Тоҷикистон Юсуфҷон Бобоҷонов назар меафканему дар симои он кас садоқати ҳазорон омўзгорону табибони тоҷикро нисбати халқу миллат, заьматҳои ҳамарўзаи онҳо баҳри пешбурди ҳаёти солими ҷомеаро дарку эҳсос мекунем.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи дархости аҳли оила ва пайвандон ва дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 12-уми марти соли 2024, таҳти №297 оид ба гузоштани лавҳаи хотиравӣ ва номгузорӣ намудани номи яке аз кўчаи номнадоштаи микроноҳияи 27-уми шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷонов Юсуфҷон ба тавсиб расидааст.
Сипас раиси собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд Олимхӯҷа Маллаев, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Алимат Мавлонзода, Шаҳрванди фахрии шаҳрии Хуҷанд Исохӯҷа Каримхӯҷаев ва дигарон аз хислатҳои неки Юсуфҷон Бобоҷонов ёдоварӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Юсуфҷон Бобоҷонов 15 феврали соли 1933 дар ҷамоати деҳоти Унчии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.Баъди гирифтани маълумоти миёна барои идомаи таҳсил соли 1950 ба пойтахти ҷумхурӣ шаҳри Душанбе меравад ва ба Институти давлатии тиббии Точикистон ба номи Абӯали ибни Сино дохил гардида, онро соли 1950 бо муваффақият хатм кардааст.
Аз рўи тақсимот ўро ба сифати духтури терапевт ба беморхонаи ноҳияи Муъминобод ба кор мефиристанд ва пас аз як моҳи фаъолият, бо сабаби ба ординатураи клиникии Институти тиббӣ қабул гардидан аз беморхонаи нохия озод карда мешавад. Аз 10 октябри соли 1956 то 25 ноябри соли 1959 ординатураро дар кафедраи терапия пурра аз худ менамояд ва солҳои 1959-1963 аспиранти кафедраи терапия будааст. Соли 1963 бо таври гузариш ба Институти давлатии тиббии шаҳри Рязян ба кор фиристода мешавад ва дар он чо ба сифати ассистенти кафедраи терапия фаъолият бурдааст. 26 августи соли 1965 баъди дифои рисолаи номзадӣ дар Москва, ў аз вазифи ассистенти кафедра озод карда шуда, барои кор ба Донишгоҳи тиббии Точикистон фиристода мешавад.
Солҳои 1965-1968 ассистенти кафедраи терапия, солхои 1968-1974 дотсенти кафедраи касалиҳои дарунӣ, соли 1974 сартерапевти вилояти Ленинобод ба таври гузариш, аз 6 майи соли 1991 то соли 2013 аввал чун омўзгор ва сипас чун мудири кафедраи муолиҷавии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфҷон Баширхонович Исҳоқӣ ба толибилмон пурсамар фаъолият кардааст.
Барои хизматҳои шоиста дар рушди соҳаи тандурустии кишвар Бобоҷонов Юсуфҷон бо унвони олии Корманди шоистаи Тоҷикистон, бо унвони дотсенти кафедраи муолиҷавӣ (1972), медали «Собиқадори меҳнат» (1988) ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1999, таҳти №1278 бо унвони олии Корманди шоистаи Тоҷикистон, инчунин бо як қатор Раҳматномаю Сипосномаҳо сарфароз гардонида шудааст.
Юсуфҷон Бобоҷонов 24-уми апрели соли 2021 дар синни 88 солагиаш вафот кардааст.
Бародари Юсуфҷон Бобоҷонов, Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон барои арҷгузорӣ ба Давлату Ҳукумати мамлакат арзи сипос намуд.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ парда лавҳаи ёдгорӣ бардошта шуд ва кӯча ба номи Юсуфҷон Бобоҷонов расман номгузорӣ гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд