01 Июн 2024
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба шиногоҳи соҳили рости дарёи Сир ташриф оварда, ба мавсими нави он ҳусни оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо фаро расидани тобистон ва гарм шудани ҳаво сокинон дар мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла шиногоҳҳо вақт мегузаронанд. Барои истироҳату фароғати шаҳрвандон дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ҳамасола шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, дар мавсими оббозӣ таъмини бехатарии сокинон дар мадди назари масъулин қарор дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст аз вазъи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд шинос гардида, ба роҳбарияти он ҷиҳати кӯмаки фаврии шаҳрвандон ва хусусан нафароне, ки ба шиногоҳ меоянду маҳорати оббозиро надоранд, дастуру супоришҳо дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти муосири зудамал таъмин буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он харидорӣ карда шудаанд. Дар бахш заврақҳои моторӣ, резинӣ, гидросикли обӣ, киштӣ барои бурдани назорати патрулӣ, автомашинаи махсуси наҷотдиҳӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ғаффосӣ барои бурдани корҳои рӯйи обӣ ва зериобӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза 10 нафар кормандони бомаҳорат тибқи нақша фаъолияти навбатдориро ба роҳ мемонанд.
Роҳбари вилоят зимни суҳбат бо мардуми маҳалли шиногоҳ омада, иттилоъ дод, ки бо мақсади истироҳату таъмини зиндагии шоиста ба мардум чунин мавзеъҳои истироҳатии мавсимӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамчунин барои кӯдакон ҳавзҳои сунъӣ сохта мешаванд. Шиногоҳ бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ бунёд ва на фақат барои шаҳрвандони Тоҷикистон, балки барои хориҷиён низ пешбинӣ мегардад. Зеро нури офтоби Тоҷикистон беҳтарин василаи табобат барои шаҳрвандони хориҷӣ арзёбӣ шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шиногоҳ ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд, ки дар шиногоҳ майдонҳои истироҳату фароғат, машқу тамрин низ фароҳам оварда шудааст. Майдончаи волейбол, мизи теннис ва дигар бозиҳои варзишӣ ташкил ва мардум машғули бозӣ буданд.
Бояд қайд намуд, ки дар шиногоҳ соябонҳои истироҳатию обутобдиҳӣ, ҳуҷраҳои ивази либос ва дигар эҳтиёҷоти шиногоҳ муҳайё карда шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дастур дод, ки барои фароғати шаҳрвандон нуктаҳои савдо бештар карда шуда, ҳамзамон ҷиҳати таъмини инфрасохтори шиногоҳ тадбирҳо андешида шавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд