01 Июнь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз, яъне 1-уми июн дар Боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Хуҷанд Иди кӯдакон дар сатҳи баланд ва пуршукуҳ таҷлил гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ҳайати ҳамроҳонашон ба майдони идгоҳ ворид гардида, шодишарики кӯдакон шуданд.
Дар даромадгоҳи боғ тарбиятгирандагони Кӯдакистони Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд бо маҳорати хосса ва малакаю истеъдод суруду таронаҳо хонда, саҳначаҳои ҷолиби ватандӯстона нишон доданд.
Аҳли тарбиятгирандакони муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд бо барномаи фарҳангӣ, мааърифатӣ ва варзишӣ табъи меҳмононро болида намуданд.
Аз тарафи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба кӯдакон тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
Ғолибони озмуни Академияи хурди илмҳо ва аъзои он ба Роҳбари вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати дастгириву ғамхориаш миннатдорӣ баён намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки ба узви ҳақиқӣ ва вобастаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, эшон дар замони таътил ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда шаванд.
Ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, хонандагони эҷодкор аз дастовардҳои хеш ба Раиси вилояти Суғд маълумот дода, шеъру таронаҳои эҷодкардаашонро дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Пешвои миллат ва ғайраҳо ироа намуданд.
«Шаҳраки саломатӣ», ки маҳсули дастранҷи ҷомеаи табибони вилоят буд, аз усулу равишҳои нави табобату муолиҷаи наврасону кӯдакон ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонаш иттилоъ доданд. Варзишгарони наврасу ҷавони вилоят маҳорати хешро дар гӯштингирӣ, дзюдо, теннис, шоҳмот, шашка, карате ва ғайра нишон дода, ваъда намуданд, ки ҳамеша Парчамбардори меҳнати азизи хеш мегарданд.
Гӯшаи зиндааи табиат, ки аз тарафи муҳассилини макотиби шаҳру навоҳии вилоят омода карда шуда буд, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чорабинии тантанавиро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ифтитоҳ намуда, эшонро бо Рӯзи идашон табрик намуд.
Роҳбари вилоят зимни суханронии худ аз ҷумла афзуд, ки «Ба шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кўдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дорад.
Боиси хурсандист, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар арафаи санаи барои халқу миллати мо муқаддаси Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. Боварӣ дорам, ки Шумо, дӯстрӯякон, ҳамчун насли нави фардосози миллат ҷиҳати пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон садоқатмандона саъю кӯшиш намуда, дар оянда бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ, варзишӣ ва хониши хубу аъло барои баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳм мегузоред.
Барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки кӯдакон табъи ҳозиринро болида намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар тантанаҳои идонаи боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» беш аз 50 ҳазор нафар кӯдакону наврасон бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ иштирок ва бо фараҳмандӣ Иди хешро таҷлил намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд