31 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТТ №16-и шаҳри Хуҷанд бо баргузории як чорабинии пуршукуҳ ҳисоботи эҷодии гуруҳи омодагӣ ба мактаби “Офтобак” таҳти роҳбарии мураббияи муассисаи таълимии томактабӣ Фарзона Зоидбоева сурат гирифт.
Машғулият танинандозии Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас тарбиятгирандагон бо мураббии хеш Фарзона Зоидбоева дониш ва маҳорату малакаи омӯхтаи хешро дар давраи омӯзиш дар муассисаи томактабӣ ба волидайн ва дигар мураббиёну маъмурияти муассиса манзур карданд.
Дар ҷараёни машғулият кӯдакон ҳарфҳои “Алифбо” ва рақамҳои азбарнамудаи хешро ифоданок хонда, бо мисолҳо шарҳу тавзеҳ доданд. Доир ба мафҳуми Истиқлолият, Ватан, Модар, муқаддасоти миллӣ, ҳифзи сарзамин маълумоти муфассал дар ин мавзуъҳо шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб ироа намуданд. Рақсҳои мавзуни дустрӯякон аз омодагии комили онҳо ба ҳисоботи эҷодии гуруҳи омодагӣ ба мактаб шаҳодат медод.
Чорабиниро намояндаи раёсати марифи вилоят Гулсара Тошматова ва маъмурияти муассиса мушощида ва тащлил намуданд. Зимни таҳлили ҳисоботи эҷодии гуруҳи омодагӣ ба мактаби “Офтобак” ба мазмун ва сифати он баҳои баланд дода, таъкид гардид, ки давраи оғози синни мактабӣ нақши муҳим дар ҳаёти ҳар як шахс мебозад ва кӯдакон аз муассисаи томактабӣ бо қадамҳои аввалин ва устувори худ ба ин зинаи дигар таҳсил-мактабӣ мераванд. Хислатҳои муҳими муайян кардани омодагии кӯдакон ба мактаб: соҳиби ифодаи овози овозҳо, қобилияти фарқ кардани овозҳо, фарқ кардани овози ибтидоӣ ва охири калимаҳо, дониш ва фаҳмиши мафҳумҳо, қобилияти баён кардани калимаҳо, қобилияти эҷод кардани тасвирҳо аз номҳо, омодагии сухани кӯдак ва дигар аломатҳо дар гуруҳи омодагӣ ба мактаби “Офтобак” баръало мушоҳида кард мешавад, ки ин шоистаи таҳсин ва офарин аст.
Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор мураббияҳо ва бори аввал ба дӯстрӯякон Сипосномаҳои раёсати маорифи вилоят тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд