21 Май 2024
Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд расонида мешавад, ки тибқи нақшаи кории Ситоди байниидоравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар қаламрави шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои пешгирию фаҳмондаҳии Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмини амният дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида истодааст.
Ҳадаф пеш аз ҳама омодагии ҳамаҷонибаи хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ, тозаву обод намудани кӯчаву хиёбон, манзилу марказҳои савдо, корхонаву иншооти гуногун, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, пешгирии хурофотпарастӣ, тарғиби дастовардҳои Истиқлолият ва дигар арзишҳои миллӣ мебошад.
Мутассифона ашхоси ноогоҳ фаъолияти Ситоди байниидоравиро нодуруст арзёбӣ ва ташвиқ намудаанд, ки бархе соҳибкорон бесабаб фаъолияти марказҳои савдою хизматрасониашонро муваққатан қатъ намуда истодаанд, ки хилофи қонунгузории мамлакат аст ва дар сурати ошкор шудани чунин амалҳо ин зумра ашхос ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ситоди байниидоравӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният ба фаъолияти рӯзмарраи соҳибкорон ягон монеа эҷод намекунад.
Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш ва даъват ба амал оварда мешавад, ки ба фаъолияти Ситоди байниидоравӣ кӯмаку мусоидат намуда, дар якҷоягӣ шаҳри бостонии Хуҷандро ба ҷашни умумимиллии 35 солагии Истиқлоли давлатӣ омода кунем ва бо дастовардҳои шоиста истиқбол гирем.
Раёсати Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
ва таъмини амният дар шаҳри Хуҷанд