16 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори КВДК «Хуҷандобуканал” бо мақсади шаҳру тавзеҳи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 марти соли ҷорӣ бо фаъолон ва намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат баргузор гардида буд, мулоқоти намояндагони прокуратураи шаҳри Хуҷанд бо ҷомеаи меҳнатӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот ёрдамчии калони прокурори шаҳр Фаридун Нуруллозода ва муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Хуҷанд Кароматулло Низомзода баромад намуда, доир ба моҳият, зарурат ва аҳамияти мулоқоти хоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин андешаронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишварамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар асоси Конститутсия ва қонунҳои ҷории мамлакат аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» амал мекунад, ки Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро бар зидди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Аммо имрӯз дар ҷомеа чунин қувваҳое пайдо шудаанд, ки мақсади онҳо ноором кардани вазъи сиёсӣ, халалдор намудани раванди сулҳу ваҳдат, вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, маҳдуд намудани озодиҳои шахсӣ ва ниҳоят дигаргун намудани сохтори давлат мебошад. Ҳамчунин, дар замони муосир, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизму терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд.
Таъкид шуд, ки мақсади асосии ҷамъомад аз амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динӣ, дастурҳои роҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии ятимону бепарасторон, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизми динӣ, риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ иборат буд.
Иброз гардид, ки Сарвари давлат дар суханронияшон дурбинона ва дилсӯзона масъалаҳоеро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки аз баррасии дурусту мувофиқи онҳо тақдири имрӯзу ояндаи миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мо вобастагии амиқ дорад.
Дар мулоқот масъалаҳои таҳдидовари фазои динии мамлакат, ифротгароӣ ва терроризми динӣ, таълими ғайриқонунии динӣ, хурофот, таассуби динӣ, рафтори ғайриахлоқии муллоҳои фолбину ҷодугар, зиёдаравӣ дар риояи маросими ҳаҷ ва умра, бегонапарастии фарҳангию эътиқодӣ, муносибати нодуруст бо қонунҳои миллӣ ва дуршавӣ аз мазҳаби аҷдодии Имоми Аъзам, гаравидан ба равияҳои гуногун, ноогоҳона истифодабарии телефонҳои мобилию шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъкид шуд, ки дар баробари раванди мусбату мӯътадил ва табии ҳаёти динӣ – маънавӣ, инчунин зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурӯҳҳо таъсири муайян расониданд, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Хайрулло Бобоев, директори генералии КВДК “Хуҷандобуканал” мулоқотро ҳусни анҷом бахшида, барои иҷрои нишондодҳои мулоқот масъулини дахлдоррро муваззаф намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд