15 Май 2024
Дар тарабхонаи “Сайҳун”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки оилаҳои намунавии шаҳр бахшида ба Рӯзи байналмилалии Оила маҳфили идона баргузор гардид.
Дар оғози маҳфил ба 6 нафар кӯдакони навзод ҳуҷҷати шаҳодатномаи таваллуд ба тариқи ройгон супорида шуд. Ҳамзамон ақди никоҳи Аҳлиддин Наҷмиддинов ва Шарофат Наҷмиддинова ба тариқи тантанавӣ гузаронида шуд.
Ба самъи аҳли нишаст номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба муносибати Рӯзи байналмилалии Оила муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз оила сарчашма мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки «давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».
Таъкид шуд, ки зиндагии инсон маҳз дар оила оғоз меёбад, маҳз дар оила муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубониро меомӯзад. Дар оила ҳамчунин муошират кардан ва бо ҷаҳони берун шинос шудан ёд дода мешаваду шинохти анъанаҳо ва аз насл ба насл мерос гузоштани онҳо низ аз оила маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст.
Сипас ба 11 нафар оилаҳои ҳамзистии 30, 35, 40, 50, 55 тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Барномаи фарҳангии идона аз ҷониби санъаткорони маъруфи шаҳри Хуҷанд ба маҳфил ҳусни дигар зам намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд