13 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Санаҳои 11-12 майи соли равон дар пойгоҳи заврақронии "Элинг" мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба заврақронӣ байни ҷавонони солҳои таваллудашон 2001-2006 бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқ, мустаҳкам намудани дӯстӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, муайян намудани дастаи яккачини шаҳр баргузор гардид. Дар он зиёда аз 80 нафар варзишгарони намуди заврақронӣ ширкат намуданд.
Тазаккур бояд дод, ки мусобиқа дар асоси қоидаҳои Федератсияи байналмилалии заврақронӣ гузаронида шуда, дар он варзишгарон аз рўи масофаҳои зерин байниҳам қувваозмоӣ намуданд.
1. Заврақронӣ (К-1) байни писарон соли таваллуди 2001-2006: 200м, 500 м ва 1000м.,
2. Заврақронӣ (К-2) байни писарон соли таваллуди 2001-2006: 200м, 500 м ва 1000м.,
3. Заврақронӣ (С-1) байни писарони соли таваллуди 2001-2006: 200м, 500 м ва 1000м.,
4. Заврақронӣ (С-2) байни писарони соли таваллуди 2001-2006: 200м, 500 м ва 1000м.,
5. Заврақронӣ (К-1) байни духтарони соли таваллуди 2001-2006: 200м ва 500 м.
Дар охир ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо медал, диплом ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд