03 Декабр 2014

Дар асоси нақшаи таҳиягашта нахустин шуда озмун-фестивали солинавӣ байни 7 муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус доир мегардад. Тибқи Низомнома ҳар як аз ин муассисаҳо бояд барномаи ҷолиби силинавии фарҳангӣ омода намуда, манзури ҳаводорон ва ҳакамон намоянд. Баъдан аз санаи 24 декабр бошад ҳунарнамоии дастаҳои ҳунарӣ, санъаткорони шинохтаи шаҳру вилоят дар назди тамошобинон пешбинӣ гардидааст.
Гала-консерти солинавии ниҳоӣ ва маросими супоридани ҷоизаҳои ғолибони озмун-фестивал бошад шоми санаи 31 декабр дар пояи арчаи солинавии майдони «Ситораҳои Хуҷанд» баргузор мегардад. Лозим ба ёдоварист,ки дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз санаи 15 декабр дар назди тамоми корхонаю муассисаҳо новобаста аз шакли моликият арчаи солинавӣ гузошта оро дода мешавад.
Арчаи марказии солинавии имсола 20 метр баландӣ дошта, бо усули хосаи муосир оро дода хоҳад шуд.