(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро, ки дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи нав ба истеҳсоли равғани пахта ва офтобпараст машғул буда, дар як сол иқтидор дорад то 18 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол намояд.

Дар навбати аввал маҳсулоти ниҳоии корхона ба қонеъсозии эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардида, дар оянда содироти он низ дар назар дошта шудааст.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нав имконият дорад дар як шабонарӯз беш аз 50 тонна чигит, донаи офтобпараст ва рапсро коркард намуда, аз он маҳсулоти ниҳоии аълосифат истеҳсолу пешниҳоди харидорон намояд.

Корхонаи нави равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва воридотӣ фаъолият менамояд. Хосса барои истеҳсоли равғани пахта чигит асосан аз дохили мамлакат дастрас мегардад, ки ин тасмим ба коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ дар дохил ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он бо тамғаи «Истеҳсоли Тоҷикистон» мусоидат менамояд.

Маҳсулоти ниҳоии корхона дар зарфҳои гуногуни пластикӣ басту банд гардида, бо шаклу намуди зебои бозоргир пешниҳоди харидорон карда мешавад. Бояд гуфт, ки зарфҳои пластикӣ низ дар шакли маҳсулоти нимтайёр вориди корхона гардида, бо истифода аз дастгоҳҳои муосир барои басту банд дар сехи алоҳида омода карда мешаванд.

Дар маҷмуъ корхонаи нав аз коргоҳҳои хушбӯйкунӣ, басту банд, ширинкунӣ, пресскунӣ ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр иборат мебошад.

Бояд гуфт, ки сикли пурраи истеҳсоли равғани растанӣ — аз коркарди чигит ва донаи офтобпараст сар карда, то омодакунии равғани аълосифати растанӣ дар дохили корхона амалӣ гардида, ҷараёни истеҳсолот ба таври автоматӣ амаливу назорат карда мешавад.

Хатҳои истеҳсолии корхона аз ширкатҳои маъруфи Олмон, Туркия ва Чин харидориву насб гардида, малакаи кор бо ин дастгоҳҳоро кормандон дар корхонаҳои истеҳсолӣ аз бар намудаанд.

Дар маҷмуъ дар ин корхона 60 сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуданд.

Партове, ки дар ҷараёни истеҳсолот ба миён меояд, пурра коркард гардида, дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан дар бахши чорводорӣ истифода бурда мешавад. Ҳамчунин дар ҳудуд ва атрофи иншооти нав корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии роҳҳо сомон дода шудаанд.

Корхона ба хатти алоҳидаи таъмини об, барқ ва системаи марказонидашудаи гармидиҳӣ, ки бо назардошти меъёрҳои экологӣ бунёд ёфтааст, таъмин мебошад.

Корхонаи нави равғанбарорӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва имконоти мусоиди фароҳамовардашуда барои рушди соҳибкорӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодуров бунёд гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба технологияи корхонаи нав баҳои баланд дода, кормандонро вазифадор намуданд, ки назорати сифати маҳсулотро дар доираи талаботи ҷорӣ ҷиддӣ ба роҳ монанд.

Бояд гуфт, ки давоми чанд соли охир ба хотири таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифати истеҳсоли ватанӣ дар доираи барномаҳои мушаххаси давлатӣ бахши саноати хӯрокворӣ рушд намуд. Аз ҷумла, шумораи корхонаҳои истеҳсоли равған танҳо дар вилояти Суғд ба 37 адад расонида шуд ва соли 2023 дар вилоят 21,6 фоизи равғани растании ҷумҳурӣ истеҳсол гардидааст. Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли равғани растанӣ ҳаҷми истеҳсолотро афзоиш дода, таъминоти аҳолиро бо равғани худӣ боз ҳам беҳтар мегардонад.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти корхонаи навтаъсис ва дигар коргоҳҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Барс» шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ширкат ғайр аз корхонаи ифтитоҳгардида ҳамчунин дорои коргоҳҳои «ММК», Гармхонаи инноватсионии «ММК-агро» ва Корхонаи истеҳсолии «Сайҳун» буда, нақши он дар таъмини бозорҳо бо маҳсулоти макаронӣ, ширӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ назаррас мебошад.

Ҳамчунин дар назар дошта шудааст, ки дар оянда ҷамъият маҳсулоти ниҳоӣ, аз ҷумла равған ва маҳсулоти кишоварзиро ба дигар кишварҳо содирот намояд. Дар маҷмуъ, дар корхона ва гармхонаи инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Барс» феълан то 600 нафар соҳиби кори доимӣ ва мавсимӣ буда, ин нишондиҳанда дар оянда афзоиш дода мешавад.

Зимни муаррифии лоиҳаҳо иброз гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон ширкат ҳадаф дорад фаъолияташро дар оянда боз ҳам густариш диҳад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки давоми чанд соли оянда ҷамъият бунёду ба истифодадиҳии Маркази савдои «Суғдиён мол» бо 340 ҷойи корӣ, Гармхонаи инноватсионии ҳолландӣ дар масоҳати аз 3 то 5 гектар ва Корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаро ба нақша гирифтааст. Дар маҷмуъ дар иншооти банақшагирифта дар солҳои баъдӣ аз 500 то 700 сокини маҳаллӣ соҳиби кор ва маоши хуб хоҳанд гашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дурнамои фаъолияти ҷамъият барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, мувофиқи талаботи бозор зиёд намудани номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда ва рушди бахши агросаноат ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...