26 Ноябр 2014
Дар асоси ҳидояту супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пайваста ба табақаи ниёзманди аҳолӣ ба хусус ба кӯдакони ятим ва бепарастор ёрии моддӣ расонида мешавад. Чунин амали хайр дар рӯзи таҷлили иди Парчами миллӣ низ ба анҷом расид.
Бо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба бештар аз 100 нафар хонандагони ятиму бепарстор сару либос ва пойафзоли зимистона тақдим карда шуд. Кӯдакон бо хушҳолии зиёд тӯҳфаҳоро қабул намуда, барномаи фарощатии ҳунармандонро дар назди Парчами миллӣ тамошо карданд.
Мавриди зикр аст, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар рӯзҳои ҷашнҳои фархундаи миллӣ пирони кор ва собиқадорони чангу меҳнат аёдат карда шуда, ба онҳо ба таври доимӣ ёрии моддӣ расонида мешавад.