(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Титан 8888”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар корхонаи нави саноатӣ, ки масоҳаташ 1,3 гектарро ташкил медиҳад, асосан радиатор - таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда (прожектор) истеҳсол карда мешаванд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти муҳташами тавлидотӣ 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Оянда дар ин ҷо шумораи кормандон дар маҷмӯъ ба 170 нафар расонида мешавад ва айни замон музди миёнаи меҳнат 2500 сомониро ташкил медиҳад.
Корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Титан 8888” бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар “Солҳои рушди саноат” ва истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ – бародарон Тоҷибоевҳо бо харҷи зиёда аз 25 миллион сомонӣ бунёд гардид.
Дар корхона бо истифода аз хатҳои муосири технологӣ, ки аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Туркия ва Русия харидорӣ шудааст, дар як моҳ 500 тонна ва дар як сол 6 ҳазор тонна партови алюминий коркард ва аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад.
Ҳоло дар корхона 2 намуди таҷҳизоти гармидиҳӣ, 3 намуд чароғакҳои равшанидиҳанда ва зиёда аз 20 намуд дег барои рӯзгор, ки ҳаҷмаш аз 2 то 300 литрро ташкил медиҳад, бо дизайни хос ва сифати баланд истеҳсол карда мешаванд.
Дар ҳудуди корхона ҳамзамон 6 анбор барои нигоҳдории ашёи хом ва маҳсулоти тайёр сохта ба истифода дода шуда, бунёди бинои маъмурӣ, ошхона бо фарогирии 80 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон имкон медиҳад, ки кормандон дар шароити мусоиду беҳтар фаъолияти назаррас дошта бошанд.
Мавриди зикр аст, ки қаблан талаботи бозори дохилӣ бо ин намуди молу маҳсулот пурра аз ҳисоби воридот таъмин карда мешуд. Баъди ифтитоҳи корхонаи мазкур, имкон аст, бештар аз 50 фоизи талаботи бозори дохилӣ бо таҷҳизоти гармидиҳии радиатор, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда аз ҳисоби маҳсулоти худӣ таъмин карда шавад.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттлоъ дода шуд, ки ашёи хом - алюминийи дуюмдараҷа аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас гардида, дар печҳои махсус гудохта мешавад ва раванди иҷрои корҳои марбут ба қолаббандӣ, суфтасозӣ, рангубор, васлу насби қисмҳои алоҳида, инчунин банду басти маҳсулоти тайёр дар коргоҳҳои алоҳида мутобиқ ба меъёру талаботи замони имрӯз сурат мегирад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдому ташаббуси масъулон ҷиҳати таъсиси чунин як корхонаи муосири саноатӣ баҳои баданд дода, дастур доданд, ки дар вақти истеҳсоли маҳсулот ба сифати он диққати махсус диҳанд.
Таъкид гардид, ки мақсади асосии муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Титан 8888” баланд бардоштани сифат, паст кардани нархҳо ва қонеъ гардонидани дархосту ниёзи мизоҷон, тадриҷан ворид шудан ба бозори кишварҳои ҳамсоя ва хориҷи дур мебошад.
Масъулони корхона азм доранд, ки дар оянда талаботи аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳои кишварро ба инобат гирифта, ҳаҷму номгӯи маҳсулотро зиёд намоянд ва дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ мағозаҳои фирмавии худро таъсис диҳанд. Ҳамзамон ҷиҳати содироти маҳсулоти тайёр - таҷҳизоти гармидиҳӣ, дег ва чароғакҳои равшанидиҳанда ба хориҷи кишвар нақшаҳо тарҳрезӣ гардида, дар ин самт бо як қатор ширкатҳои тиҷоратии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.
Ба кор даровардани корхонаи саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Титан 8888”, ки дар Тоҷикистон аз аввалин истеҳсолкунандагони радиатор - таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои ҳаҷму андозаашон гуногун барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда ба ҳисоб меравад, дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин ташкили ҷойҳои кории нав иқдоми муҳиму саривақтӣ номида шуд.

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...