09 Апрель 2024
Недоступен ни однин перевод.
Ҳамдиёрони азиз, сокинони ин шаҳри хуршедӣ!
Иди Рамазон дар рўзҳое доир мегардад, ки мардуми шарифи кишвар дар рўҳияи сўҳбати Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён гардида буд, қарор дорад.
Зимни суханронӣ Президенти кишвар ёдовар шуданд, ки «…яке аз шахсиятҳои маъруфи илму ирфон Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ хуб гуфтааст:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Мавлонои Балхӣ гуфтааст, ки Худоро дар як хонаи сангӣ наҷўед, чунин ҷустани Худо ҷустани нокомил аст, Ў Худованди ҳама ҷост, Ў дар қалбу дили мардуми олам аст, аз дари дил дар мақому манзалати инсон Ўро шиносед…». Ба ин маънӣ, моҳи рамазон ва Иди рамазон аз тадбирҳоест, ки инсон бо амали нек, бо кирдорҳои шоиста ба дили инсоне роҳ ёбад. Яъне он аз суннатҳои муқаддаси мардуми мусулмон буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, некиву накўкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат ва дигар амалҳои хайру созандаро нисбати якдигар раво донад. Ин суннати муҳим дар қатори дигар ҷашну маросими милливу мардумӣ дар кишвари ҳамешабаҳори мо ҳамасола чун дар дигар мамолики аҳолиаш мусалмон ба шоистагӣ доир ва таҷлил мегардад.
Дар мамлакати соҳибистиқлоли тоҷикон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озодии виҷдон, дину ақида, адои маросими суннатию динӣ бо имконияти васеъ роиҷ аст. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накўкориҳо дар кишвари мо мақоми хоса дорад. Аз ин ҷост, ки Сарвари кишвар дар аксари мулоқоти худ таъкид мекунанд, ки мо имрўз дар давлати озоди демократӣ ва дунявӣ имкон дорем, ки таълимоти созандаи дини мубини ислом, бахусус, тарғиби дўстиву муҳаббат ва кўмаку дастгирии байниҳамдигариро дар байни тамоми афроди ҷомеа густариш диҳем.
Ин аст, ки мардуми шарифи Хуҷандшаҳр аз ҳамаи ин фазилатҳои нек ба хубӣ огоҳ буда, чун анъана дар рўзҳои моҳи табаррук ба дастгирии мўҳтоҷону ниёзмандон мешитобад ва амалҳои хайрро дар ин моҳ бештар анҷом медиҳад.
Имрўз давлату Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои таъмини зиндагии шоиста ва иҷрои рукнҳои дини мубини ислом шароиту имконоти муассир фароҳам овардаанд.
Умедворам, ки бо таҷлили иди Рамазон, меҳру муҳаббат ва масъулияти мо нисбат ба якдигар ва иҷрои ўҳдадориҳо дучанд мегардад ва ҳамагон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастоварду муваффақиятҳои бузург 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шоистагӣ истиқбол намоем.
Ҳамаи шумо, сокинон ва меҳмонони шаҳри азизро ба муносибати Иди саиди Фитр шодбод мегўям, ба ҳар хонадон ризқу рўзии фаровон, рўзгори босаодат, осмони софу бещубор, шодиву нишоти тифлон ва меҳнати софдилона ба манфиати халқу кишварро орзу менамоям.
Иди меҳрубониву шафқат, Рўзи саиди Фитр муборак!