(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳориро бо дастовардҳои шоён истиқбол намуданд.

Ба хурсандиву нишоти мардум муовини аввали Сарвазири мамлакат Ҳокимбек Холиқзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва дигар ашхоси расмӣ шодишарик гардиданд.
Меҳмонон нахуст аз раставу хаймаҳои наврӯзӣ ки аз ҷониби шаҳру навоҳии мамлакат густурда шуда буд, боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Наврўз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврўзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд. Истиқболи гарми ин ҷашни муқаддаси умумимиллӣ, ки рамзи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳуввият ва ифтихори миллии мардуми шарифи диёрамон мебошад, меҳри Модар ва Ватани азизро дар дили инсонҳо бедор месозад. Бо ин иқдом мо яке аз куҳантарин суннатҳои аҷдодӣ ва оинҳои давлатдории гузаштагонамонро эҳё менамоем. Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҳанӯз дар давраи давлатдории Ҷамшед аз ҷашнҳои бузурги ориёӣ маҳсуб ёфта, шаш рӯз таҷлил мегардид.
Муовини аввали Сарвазири мамлакат Ҳокимбек Холиқзода сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷандро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилал аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст. Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад. Маҳз ба ҳамин сабаб ин падидаи асили табиӣ ва фарҳангӣ ҳаргиз куҳна намегардад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати инсоният боқӣ мемонад. Мо ифтихор мекунем, ки ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Тайи ҳазорсолаҳо дар ҳаёти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла мо – тоҷикон ҳодисаву таҳаввулоти зиёде ба вуқуъ пайвастаанд, ки боиси эҷоди маҳдудиятҳо барои баргузории ойину суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мо, ба шумули Наврӯз гардидаанд. Вале Наврӯз мисли забон ва фарҳанги миллӣ дар тору пуди ҳастии ниёгони мо он қадар мустаҳкам ҷой гирифта буд ва мақому ҷойгоҳи он дар миёни мардуми мо чунон баланд буд, ки ҳеҷ як монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад. Зеро Наврӯз моҳиятан ҷашни мардумӣ ва ойини сирф табиӣ мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ҳамагонро бо ҷашни наврӯз таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд ки боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврўз дар даврони истиқлоли давлатиамон маҳз таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории кишварҳои дигари ҳавзаи тамаддуни Наврўз мақоми байналмилалӣ гирифта, ойину суннатҳои он ҳамчун падидаҳои дорои аҳаммият ва арзиши умумибашарӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардид. Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон чунин таъкид намудаанд: “Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Таҷлили ин ҷашн аз замонҳои қадимтарин то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳуввияти тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи он ба ҳисоб меравад”.
Яке аз бузургтарин ҳикматҳои ин ҷашни мардумӣ дар он зоҳир мегардад, ки омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун ба ҳисоб рафта, ниёзҳои маънавию иҷтимоии мардуми оламро қонеъ мегардонад.
Аз нав эҳё гардидани Наврӯз, анъанаву суннатҳои наврўзӣ ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он обрӯву нуфузи кишвари азизамон Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар намуд.
Сипас барномаи фарҳангии аҳли ҳунари вилоят ба чорабини идонаи Наврӯзи байналмилал дар шаҳри Хуҷанд ҳусни дигар зам намуд.
Воқеан ҳам таҷлили шукўҳманди ҷашни Наврўзи байналмилалӣ моро водор менамояд, ки дар баробари эҳё намудани суннатҳои наврӯзӣ ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ба тозаву озода кардани хонаву дар ва маҳалли зисти худ, сарсабзу хуррам намудани гулгашту хиёбонҳо, бунёди боғҳои нав ва ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосоямон корҳои созандагию ободониро бо рӯҳияи баланду созанда вусъат бахшида, ҷиҳати таъмини зиндагии босаодат ва орому осудаи сокинони кишвари маҳбубамон сарҷамъона талош намоем. Дар баробари ин, суннатҳои неки созандагиву бунёдкориро бештар идома дода, аз обу замин самаранок истифода барем, то ин ки истеҳсоли маҳсулотро афзоиш дода, фаровонии бозори истеъмолӣ ва рӯзгори осудаи аҳолии кишварамонро таъмин намоем.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...