(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ аз гузашта, имрӯз ва ғамхорӣ аз фардои халқ аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши барҷастаи ин рамзи муҳими давлатиро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстию якдилӣ ва Ваҳдати халқи азизамон зикр намуда, барҳақ қайд карда буданд:
«Итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд.»
Хушбахтона, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.
Ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ – рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳиб-маърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат ҳамаи сокинони Хуҷандшаҳрро самимона табрик менамоям.
Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватана-мон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.
Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳан-гии халқамон мебошад.
Соли панҷум аст, ки рӯзи Парчами Тоҷикистон дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.
Парчам аз замонҳои қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар аст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати баланд доштааст.
Вақте ки мо имрӯз – дар оғози асри бистуяк ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд.
Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав соҳиби парчами миллӣ - рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид. Санаи қабули Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми кишвар ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ истиқбол гирифтанд.
Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.
Бо дарназардошти ин ва инчунин ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватан-парастии мардум, бахусус насли наврасу ҷавон соли 2010 бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони парчам» номгузорӣ шуд.
Ҳар як фарде, ки имрӯз ба назди Парчам ва Нишони миллӣ меояд, хуб эҳсос мекунад, ки ин ду рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст.
Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва онро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Ҳар як фарди ватандӯсти шаҳри Хуҷандро даъват менамоям, ки аз Парчами миллии худ ифтихор кунанд, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон ҳамеша талқин намоянд.
Мардуми шарафманди тоҷик имрӯз зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас медоранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб пиру барнои Хуҷандшаҳрро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шахсан аз номи худам ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ муборакбод намуда, ба хонадони ҳар кадоми шумо хуррамиву хушбахтӣ, осоиши рӯзгор, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозии ҷовидонаро орзу менамоям.
Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиқлоли мо ҷовидон бошад, ҳамшаҳриёни азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...