18 Ноябр 2014
Ин нукта зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо шаҳрдори Табрез доктор Содиқ Наҷафӣ таъкид шуд.
Зимни мулоқоти гарму самимӣ Абдураҳмон Қодирӣ бо қадрдонӣ аз меҳмоннавозии шаҳрдори Табрез гуфт, Камоли Хуҷандӣ, шоири диёри мо муддати зиёд дар шаҳри Табрез зиста ва ба ин тартиб пули дӯстии байни ду миллатро қарнҳо пеш мустаҳкам кардааст.
Раиси вилоят дар сӯҳбат изҳор дошт, ки бо мусоидати сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон равобити иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар рӯз ба рӯз афзоиш ёфта, саҳмгузориву сармоягузории ширкатҳои эронӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ва ҳамчунин таҳсили донишҷӯёни эронӣ дар Тоҷикистон нишонаи густариши ҳамкориҳои тарафайн дар замони муосир аст. Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон аз иштироки меъморону ҳунармандони эронӣ дар тарҳҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон ёдоварӣ кард.
Дар навбати худ шаҳрдори Табрез доктор Содиқ Наҷафӣ изҳор дошт, ки ду давлат Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон ҳамвора дар тӯли таърих якдил ва самимӣ будаанд.
Ӯ Камоли Хуҷандиро пайвандгари ду кишвар хонд ва афзуд, ки ин шоири ширинсухан бо тавсифҳои камназири худ аз фазои шаҳри Табрез ягонагии таърихии ду миллатро матраҳ додааст.