(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Кохи “Суғдиён” бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мулоқоти роҳбарони муассисаҳои олии касбии вилоят бо хатмкунандагони макотиби миёнаи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мулоқотро ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро муаррифии имконоти таҳсил дар донишгоҳҳои олии вилоят унвон намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар зарфи 32 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари маҳбуби мо таҳти раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани амну осоиштагӣ, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаву дастовардҳои назаррас ноил гардид. Воқеан ҳам озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бояд бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона созем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз кунем. Ва ба таъбири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳем”.
Шаҳрдор гуфт, ки мо вазифадорем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрўза дар руҳияи ватандўстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқаддасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем. Баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кўшиш намекунанд, аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд ва хулоса бе шуғл мемонанд, ки ин омилҳо боиси шомил шудани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд. Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати ташаккули андешаи миллии наврасону ҷавонон ва омода намудани онҳо дар самти муқовимат ба тазодҳои ҷомеаи муосир ҳоло дар назди сохтору мақомоти давлатӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеа корҳои зиёде қарор доранд. Барои дастгирӣ намудан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ хидоят кардани ҷавононе, ки ба чунин мушкилот гирифтор шудаанд, лозим аст, ки мақомоти дахлдор ва пеш аз ҳама, омўзгорон, падару модарон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, густариши донишу ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон, дарку омўзиши арзишҳои миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароиву инсондўстии онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ин масъалаи асосии замони муосир мебошад.
Сипас, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аюб Усмонзода, ректори ДДҲБСТ Ҳомид Ҳошимзода, ректори Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Шаҳриёр Саъдуллозода, ректори Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ Мазбут Холиқов, ректори Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Худойбердӣ Эгамов, директори филлиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Саидмаҳмуд Саидзода, иҷрокунандаи вазифаи директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Шӯҳрат Машокир баромад намуда, доир ба шароити илму таҳсил дар муассисаҳои таълимии номбурда маълуомти муфассал доданд.
Дар қисмати дуюм хонандагон доир ба ихтисосҳои донишгоҳу донишкадаҳо, маблағи таҳсил ва имтиёзоти он саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.
Дар анҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷавонон бори дигар даъват ба амал овард, ки дар масири ободию шукуфоӣ ва созандагии кишвар саҳмгузорӣ намоянд. Ҳамчунин сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр, масъулини дахлдори соҳа ва фаъолон ҷиҳати тарбияи ватандўстии наврасону ҷавонон рўҳияи худшиносии миллӣ ва пешгирии шомилшавии эшон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ вазифагузорӣ карда шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ба як қатор ҷавонони фаъоли шаҳр Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...