(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТаҳти чунин унвон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо иштироки устодону донишҷӯён ҳамоиши идона баргузор гардид.

Нахуст директори муассисаи таълимӣ Алимат Мавлонзода ҳамагонро бо Иди Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар марҳилаи сахту сангини давраро паси сар намуда, имрӯз ба сифати ниҳоди муқтадир ва сипари миллат хизмат менамояд. Давоми 31 соли рушду нумӯи Артиши миллӣ маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гарнизонҳои Суғду Хатлон, Хоруғ, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбиву автомобилӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланду хароҷоти камтарин ва бо меъёри ҳарбиву талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Танҳо давоми се соли охир қариб 500 бинову иншооти дорои аҳамияти ҳарбӣ бунёду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамзамон дар ҳудуди гарнизонҳои Суғду Хатлон машқгоҳҳои низомӣ ва марказҳои таълимӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машқгоҳҳои ҳарбӣ барои машқу размоишҳои васеи низомии қисму воҳидҳои навъи қӯшунҳо, дар ҳудуди ноҳияҳои Лахш, Рашт ва минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат машқгоҳҳои муосири ҳарбӣ бо ташкили заминаҳои хуби моддӣ-техникӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ташкили машқгоҳу марказҳои таълимӣ ва фароҳам овардани тамоми шароити ҳозиразамони ҳарбӣ дар онҳо имконият медиҳад, ки на танҳо ҷузъу томи тобеи Вазорати мудофиа, балки дигар сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ низ аз он самаранок истифода баранд. Дар баробари дигар чорабиниҳои нақшавӣ санҷиши техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ ва дигар силоҳу муҳиммоти ҳарбиро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Алимат Мавлонзода дар анҷоми суханронии худ таъкид дошт, ки ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи соҳибистиқлолии давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоятгарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд, ки он ифтихори миллати мост.
Сипас, Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Пӯлотова баромад карда, аз ҷумла зикр дошт, ки Артиши миллии худро дар шароити хеле мараккаб ва ҳассос таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ, ки пояи устувор ва заминаи мусоид барои тақвиятбахшии Қувваҳои Мусаллаҳ мавҷуд набуд, бо талош ва заҳматҳои шабонарӯзиии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин қадамҳо барои омодакунии мутахассисони соҳа гузошта шуд. Дар солҳои минбаъда вазъи қисмҳои низомӣ, ҳолати будубошии ҷангӣ ба эътидол оварда шуда, яроқу дигар муҳимоти ҷангӣ зина ба зина харидорӣ карда шуданд. Тавре роҳбари давлат дар яке аз суханрониҳои хеш зикр дошта буданд: “Мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис додем. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имконияти ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст”.
Дар ҳамоиш мудири кафедраи ҷамъиятшиносӣ Нигора Ачилова ва донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси кори дандонсозӣ Асратулло Тошзода, ки чанде қабл сарбаландона хизмати Модар-Ватанро адо намудааст, баромад намуда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватану ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар ва расидан ба қадри оромию суботи мамлакат даъват намуданд.
Донишҷӯён бо саҳнаҳои тарбиявӣ ва суруду шеърҳои тараннумгари ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва далериву шуҷоат табъи ҳозиринро болида намуданд. Барномаи аҳли фарҳанги муассисаи таълимӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти муассиса дар вазъияти тантанавӣ ба устодону донишҷӯёни муассиса барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ ва далериву шуҷоат сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...