(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ меандешад. Барои дар шароити хуб хизмат кардани онҳо як қатор корҳоро ба сомон мерасонад. Якҷо бо идораҳои дахлдор ҷавононро ба амалҳои созанда талқин менамояд, онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад, аз ҷиҳати сиёсӣ пухта ва зирак мегардонад. Зеро ҷавонон бояд бо нерўи тозаву бузург кишварро мунаввар созанд.

Ватани мо – Тоҷикистони азизамонро имрўз касе ғайр аз ҷавонони матиниродаву паҳлавон ҳифз намекунад. Ин суханонро борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик хотиррасон кардаанд.
Ватан мисли модар ҳар яки моро ба оғўш кашидаву бо меҳр парвардааст, то рўзе ба ҳифзаш ҷон рўи каф гирифта, марзу бумро ҳимоя кунем.
Бале, вазифаи аввалиндараҷаи ҷавонон мустаҳкам намудани сулҳ ва оромӣ мебошад. Ҳар ҷавоне, ки худро соҳибватан медонад, бояд моҳияти мафҳумҳом муқаддаси озодӣ, истиқлолият, конститутсия ва падару модарро донад ва азизу мўътабар дорад.
Оре, хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ, ҳимояи Ватан, номи шарафманди мардиро гирифтан ба ҳар ҷавонписар ифтихори бузург арзёбӣ мегардад. Ҷавонписарони тоҷик хизмат ба Ватанро бо виҷдони поки худ, номуси худ ва аҳди мардонаи худ баробар медонанд.
Хушбахтона, имрўз ҷавонписарони баору номуси тоҷик, ки Ватан-Модари худро дўст медоранду ҳар ваҷаб замини авлодӣ барояшон арзиши баланд дорад, дар марҳилаи даъвати ҳарбӣ аввалин шуда, ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир мешаванд. Онҳо бо ғурури ҷавониву ифтихори миллӣ ва тарбияи шоиста қатори дигар ҷавонони меҳанпараст дар қисмҳои ҳарбӣ хизматро ба ҷо меоранд.
Бояд гуфт, ки ҷавонписарони шаҳри Хуҷанд қадру қиммати зодгоҳ, Ватан, модари мушфиқ, падари ғамхор, хоҳару бародари азиз, пайвандону дўстони ҷониро медонанд. Аз ин лиҳоз, вақте Ватан-Модар ба ҳимояаш даъват мекунад, бе дудилагӣ, баръакс бо шарафи бузург ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд.
Бо ифтихор номҳои Абдураҳмон Ёқубов, Ҷаҳонгир Мирбобоев, Нодирҷон Муллоҷонов, Фирдавс Нурматов, Манучеҳр Солибоев ва Олимҷон Дадобоевро метавон гирифт, ки имрўз дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилона хизматро ба ҷо меоранд. Ин ҷавонони ҷасури Хуҷандшаҳр дар марҳилаи даъвати ҳарбӣ фаъолӣ нишон дода, аввалин шуда, ба Комиссариати ҳарбӣ номнавис гардиданд. Албатта, амали онҳо шоистаи ибрат буда, намуна ба кулли ҷавонони Хуҷандшаҳр аст. Алҳол ин шаш ҷавон дар қисмҳои ҳарбии шаҳри Хуҷанд хизматро ба ҷо меорад.
Абдураҳмон Ёқубов, ҷавони баору номус аз оилаи бошарафи Хуҷандшаҳр буда, баъди хатми МТМУ №15-ум ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи «Тарбияи ҷисмонӣ»-и яке аз донишкадаҳои Федератсияи Русия супурд. Чун тани солиму ақли расо дошт, аз имтиҳони устодони нуктагир ба осонӣ гузашт. Давоми донишҷўӣ аз устодон илму дониш андўхт ва ҷисман обутоб ёфт. Ба шарофати омўзгорони рус дониши тарбияи ҷисмониашро афзун намуд. Баъди хатми донишкадаи Русия бедудилагӣ ба Ватани худ, зодгоҳи авлодӣ баргашта, оиладор шуд ва чун марҳилаи даъвати ҳарбӣ ҷараён гирифт, худро номнавис намуда, ба хизмати Ватан-Модар шитофт. Волидайн Равшан Ёқубов ва Мавлуда Ёқубова низ ба фарзандашон пайваста мефаҳмонанд, ки Ватан-Модарро дўст дорад ва барои ҳимояаш устувор бошад. Аз ин лиҳоз, чун масъалаи даъвати ҳарбӣ ба миён омад, Абдураҳмон дар канор наистод. Инак, қариб 10 моҳ инҷониб Абдураҳмон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарор дошта, барои ҳимояи кишвар талош меварзад. Ў аз ҷиҳати сиёсӣ пухтаву ҷисман хеле пурқувват гаштааст.
Ҷавони дигари далеру бебок Ҷаҳонгир Мирбобоев ҳам дар радифи ватандўстон дар яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Хуҷанд хизматро ба ҷо меорад. Ў низ даҳ моҳ инҷониб Ватан-Модарро бо ору номуси ҷавонии худ ҳимоя мекунад. Ҷаҳонгир Мирбобоев дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омада, дар муҳити созгор ба воя расидаву аз волидайни бомаърифат таълиму тарбияи хуб гирифтааст. Падараш Баҳромҷон Мирбобоев ва модараш Зебинисо Мирбобоева иқдоми писари соҳибақлашон Ҷаҳонгирро ҷонибдорӣ намуда, дуои нек доданд. Чунки ў аслан аз кўдакӣ орзу дошт, ки мисоли падараш ба Ватан-Модар хизмат намояду Тоҷикистони азизро аз душман ҳимоя кунад. Бо ҳамин нияти неку орзуҳои зиёд баъди хатми бахши «Молия ва қарз»-и Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар қатори хоҳишмандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бипайваст. Ин ҷавони хушсурату хушрафтор ҳам қариб 10 моҳ инҷониб дар ҳимояи Ватан-Модар қарор дорад.
Нодирҷон Муллоҷонов низ дар радифи ҷавонони баору номуси Хуҷандшаҳр қарор гирифта, худро аввалин шуда, ба Комиссариати ҳарбӣ номнавис кард. Ў хатмкардаи бахши «Муҳандисӣ-технологӣ»-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ буда, баъди ба даст гирифтани дипломи мутахассисӣ бо дилу нияти пок ба Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бипайваст. Нодирҷони хушахлоқу меҳнатдўст даҳ моҳ инҷониб дар ҳимояи марзу бум ҷасорату матонат нишон медиҳад. Волидайнаш Обидҷону Манзурахон аз доштани чунин фарзанди ватанпарвару меҳандўст ифтихор доранд ва амали ўро ба дигар ҷавонон намуна медонанд.
Хатмкардаи МТМУ 6-уми шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин, бахши «Муҳандисӣ-технологӣ»-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Фирдавс Нурматов ҳам дар паҳлўи ҷавонони шуҷою далер истода, дар ҳимояи Ватан-Модар шабзиндадорӣ мекунад. Ин ҷавони хушсимо одобу рафтори намунавӣ дошта, ҳамеша аз командирони худ сипос мешунавад. Зеро Фирдавси ҳимоятгар дар оилаи созгор ба воя расида, аз волидайни худ Исмоилҷону Мадинахон тарбияи олӣ гирифтааст. Ў низ дар хизмати яксола қарор дошта, аллакай моҳи апрели соли равон ба назди пайвандонаш саломату бардам ва бо дониши сиёсӣ бармегардад.
Ҷавони паҳлавони дигар Манучеҳр Солибоев буда, зодаи Хуҷандшаҳр аст. Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров супурд ва сазовори номи донишҷўӣ гардид. Хуб таҳсил кард, аз устодон нозукиҳои касби муҳосибиро омўхт. Чун даъватномаи ҳарбӣ ба дасташ расид, худро дар канор гирифта натавонист. Ҳарчанд оиладор аст, вале меҳри Ватан, ҳимояи модар, хоҳар, ҳамсар ором гузошта натавонист. Зуд ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ пайваст ва даҳ моҳ инҷониб дар хизмати кишвари азизаш устувор аст.
Олимҷон Дадобоев хатмкардаи МТМУ №5-уми шаҳри Хуҷанд ва факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров аст. Ҷавони боиродаву қавиҷусса буда, даҳ моҳ инҷониб дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарор дорад. Падараш Тоҳирҷон Дадобоев ва модараш Отуной Қосимова аз хурдӣ ба писарашон талқин мекарданд, ки ҳимояи Ватан-Модар шарафи бузург аст. Суханони волидайн барои Олимҷони хушрафтору ҷасур қуввати дил ва азми ҷавонмардиаш дучанд шуданд. Бо ифтихори ватандорӣ роҳ сўи Комиссариати ҳарбӣ гирифт. Ў ҳам даҳ моҳ инҷониб бо шунидани сипосҳои фаровон Ватани авлодиро ҳимоя мекунад.
Волидайни наваскарон фараҳманд аз он ҳастанд, ки тавонистанд дар қалби кўчаки фарзандонашон меҳри Ватанро ҷойгир кунонанд ва шаҳомати ватандориву меҳанпарастиро маҳз дар адо намудани қарзи шаҳрвандиву фарзандии худ дар назди Ватан-Модар нишон диҳанд. Онҳо ифтихор аз он доранд, ки фарзандонаашон мисоли сипари боэътимод, нигаҳбони Ватан, ҳомии ин марзу бум имрўз ба хизмат мераванд.
Бо ифтихор ва ниятҳои нек метавон гуфт, ки аллакай баъди ду моҳ ҳамаи ин ҷавонони паҳлавон бо забони дароз, рўйи сурх, андешаи сабз, қувваи рустамона ба назди падару модар, ҳамсар, фарзанд ва пайвандон бармегарданд ва дар идораву ташкилотҳои бонуфуз ҳамчун мутахассиси варзида кору фаъолият намуда, зиндагии сазоворро пеш мебаранд.

Таҳмина АЮБОВА,
«Тирози ҷаҳон»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...