18 Ноябр 2014
Мавриди зикр аст, ки бори аввал имсол олимпиада ба тарзи ғайримуқаррарӣ доир гардид. Дар се синфхонаи гимназия компютеру ноутбокҳои бо шабакаи интернет пайваст мавҷуд буд. Дар рӯзи аввал иштирокчиён ба тариқи хаттӣ тибқи низомнома супоришҳоро иҷро намуданд. Дар рӯзи дуввум бошад, олимпиада ба тариқи онлайн баргузор гардид ва хонандагон дар назди компютер нишаста, ба саволҳои тестӣ иборат аз 50 савол посух гардонданд. Ҳар як иштирокчии озмун соҳиби гузарвоҷа ва сиркалимаи худ гардида, ба саволҳои тестӣ посух мегардонд. Ба ҳар як савол чаҳор посух пешниҳод гардид ва дар сурати ҷавоби саҳеҳ додан, барои ҳар як савол ба иштирокчӣ як хол дода мешавад. Иштирокчиёни озмун ба саволҳои тестӣ посух гардонида, соҳиби холҳои муайян мегарданд ва дар навбати худ устодон низ метавонанд, вориди шабака гардида, бевосита ба корҳои иҷро намудаи шогирдонашон ошно гарданд.
Боиси қайд аст, ки баҳри таҳия намудани ингуна барномаи компютерӣ кормандони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маориф бисёр заҳмат кашиданд.
Олимпиада то санаи 20-уми ноябр идома меёбад ва ғолибони даври шаҳрӣ барои иштирок дар олимпиадаи вилоятӣ роҳхат мегиранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иштироки хонандагони шаҳри Хуҷанд дар давраҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявии Олимпиада дар солҳои охир хеле беҳтар шудааст. Дар соли таҳсили 2013-2014 хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳр дар олимпиадаи вилоятӣ ба гирифтани 27 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бошад, аз 14 нафар хонандагон 13 нафарашон ғолибият ба даст оварданд, аз ҷумла соҳиби 3 медали тилло, 5 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардиданд. Дар Олимпиадаи номии ҷумҳуриявӣ аз фанҳои дақиқ 2 нафар хонандагони синфи 11-и м/х Рустамов иштирок намуда, 1 нафар соҳиби медали тилло ва 1 нафар соҳиби медали нуқра гардиданд.