08 Феврал 2024
Дар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъоляит дар соли 2023 бо иштироки Рустамҷон Собиров, муовини сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ва Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Азаматхӯҷа Воҳидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд доир ба бурду бохти соҳа дар соли 2023 маърўза намуда, аз ҷумла афзуд, ки кормандони Марказ дар асоси талаботи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа ҳамарўза ҷиҳати дар сари вақт ошкор намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд. Тибқи муқаррароти Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», ба ҳамаи норасогиву камбудиҳо ва мушкилиҳо нигоҳ накарда аз тарафи мутахассисони соҳаи санитарӣ то имрўз вазифаву ўҳдадориҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гузоштааст, софдилона иҷро карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи шуъбаи гигиенаи коммуналӣ дар соли 2023 беш аз 224 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони масъули ба камбудиҳо роҳ дода тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 54 856 сомонӣ ҷарима гардидаанд. Аз тарафи шуъбаи гигиенаи кўдакон ва наврасон дар соли сипаришуда 131 муассисаҳои зериназоратӣ бо муоина фаро гирифта шуда, 43 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 12880 сомонӣ ҷарима гардидаанд.
Вобаста ба вазъи эпидемиологии аҳолии шаҳр ба бемориҳои сироятӣ иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар сатҳи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бистарикунонӣ мувофиқ ба талаботу меъёрҳои санитарӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати пешгирӣ ва табобати беморон тамоми шароит муҳайё карда шудааст.
Дар ҷараёни ҷаласа Рустамҷон Собиров, муовини сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ва Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки мутахассисони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд, дар қатори дигар кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ, фаъолияти пурсамар намуданд ва дар оянда низ барои боз ҳам беҳтару хубтар фаъолият кардан ва бартарафкунии камбудию норасоиҳои фаъолияти худ чораҳо меандешанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд