(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори ҶДММ “Ҷавонӣ” мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо ҷомеаи меҳнатии ин корхонаи саноатӣ ва сокинони маҳаллаи “Чашмаи Арзана”-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.

Дар чорабинӣ Мавсума Муинӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ роҷеъ ба нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» маълумоти муфассал дода, аз ҷумла афзуд, ки бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, мо солҳои 2022 – 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намудем.
Ҷиҳати амалисозии ин иқдом тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд. Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст. Инчунин иброз гардид, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.
Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ карда шуд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки агар мо ин корро намекардем, шояд имрўз умуман бе барқ мемондем.
Пешвои миллат иброз намуданд, ҳастанд баъзе мушкилотҳои соҳа, ки мо бояд ҳарчи зудтар онҳоро бартараф намоем.
Илова бар ин, чи тавре шунидед, Пешвои миллат бо назардошти хушксолии пайдарпайи солҳои охир доир ба иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли энергия, яъне тавассути истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ин росто, Пешвои миллат зикр карданд, ки иқтидорҳои истеҳсоли энергияи кишвари мо аз сатҳи боришот вобастагии зиёд дорад. Яъне, неругоҳҳои мо ҳамааш тавассути об фаъолият мекунанд.
Агар сол аз сол камшавии захираҳои обӣ ва паст рафтани сатҳи оби дарёҳо идома ёбанд, шояд оянда мо низ дар мавриди тавлидоти неруи барқи ватанӣ ба мушкилиҳои муайян дучор шавем.
Дар чунин вазъият истифода бурдан аз имкониятҳои табиии кишвар, махсусан шаклҳои алтернативии истеҳсоли неруи барқ, яъне офтобию бодӣ, аз зумраи тадбирҳои муҳим ба шумор меравад.
Воқеан ҳам, ташаккул ва ривоҷ додани истеҳсоли энергияи офтобӣ дар шароити иқлими мамлакати мо яке аз муҳимтарин сарчашмаҳост, зеро он дар замони муосир – дар замоне, ки эҳтиёҷот нисбат неруи барқ дар тамоми сайёраи замин ба таври рўзафзун зиёд шуда истодааст, торафт нақши калидӣ пайдо мекунад.
Ин раванд ва махсусан бо назардошти иқлим ба тавлидоти энергияи офтобӣ раѓбати бештар зоҳир намуданро дар мисоли аксари давлатҳои мутараққию мутамаддин, аз қабили давлатҳои Япония, Амрико, Олмон, Чин ва ѓайра метавон мушоҳида кард.
Истифода бурдан аз ин манбаи истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурии мо низ солиёне чанд аз тариқи баҳрабардорӣ аз панелҳои офтобӣ роҳандозӣ шудааст.
Аллакай чунин таҷриба дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар, аз қабили Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, беморхонаҳо ва як қатор муассисаҳои дигари иҷтимоию истеҳсолӣ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст.
Бояд гуфт, ки дар тамоми минтақаҳои Ватани азизамон, ки дар забони мардуми дунё ҳамчун кишвари хуршедӣ маъруфият дорад, нури офтоб хеле фаровон ва дастрас аст.
Бинобар ин, ривоҷ додани баҳрабардорӣ аз панелҳои офтобӣ варианти хеле мувофиқ аст. Истифодаи он ба қисмҳои ҳаракаткунанда ниёз надорад, сўзишворӣ ва хароҷоти зиёди баҳрабардорӣ талаб намекунад ва муҳимтар аз ҳама, дар шумули «иқтисоди сабз» қарор дорад.
Изофатан, барои маълумот метавон афзуд, ки тибқи хулосаи мутахассисон як панели офтобӣ метавонад ба таври комил муҳлати истифодабарии 40-соларо дошта бошад.
Инчунин қайд карда шуд, ки дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд. Таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷмўъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад. Ҳамзамон зикр гардид, ки соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамин тавр, Пешвои миллат бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар солҳои оянда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдори мамлакат амалӣ намудани як қатор тадбирҳоро зарур шумориданд., аз ҷумла: Якум: бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роѓун», «Себзор» ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаро бомаром идома дода, корҳо дар самти дарёфти маблаѓгузории иқтидорҳои нави тав