05 Декабрь 2023
Недоступен ни однин перевод.
КВДК “Хуҷандобуканал” бинобар эҳтимолияти якбора паст шудани ҳарорати ҳаво аз тамоми сокинони шаҳри Хуҷанд эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба давраи зимистонгузаронӣ омодагии комил гиранд.
Бахусус аз сокинони хонаҳои баландошёна даъват ба амал оварда мешавад, ки қубурҳои оби нӯшокӣ ва партовоби таҳхонаҳоро барои аз хунукии шадид эмин доштан тадбир андешида, дару тирезаҳои таххонаву даромадгоҳи биноҳоро тибқи талаботи мавҷуда маҳкам намоянд.
Ҳар як тадбири андешидашуда барои беосеб баромадан аз зимистони дар пешистода мусоидат намуда, барои хизтматрасонии бемамонияти хадамоти коммуналӣ шароит фароҳам меоварад.
Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумоти ҳавосанҷон шуруъ аз ҳафтаи оянда пастшавии ҳаво пешбинӣ шудааст.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ва бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023 Ситоди шаҳрӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 тасдиқ шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд