29 Ноябрь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Истифодаи технологияи муосир дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040” баргузор гардид.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ Усмонҷон Ахмедов оғоз намуда, аҳли нишастро аз номи роҳбарияти донишкада хайрмақдам гуфта, таъкид дошт, ки дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илмҳои дақиқ, рӯ овардан ба технологияи муосири таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷойгоҳи махсус дошта, Роҳбари давлат борҳо дар мулоқот бо аҳли маориф зарурияти омода кардани мутахассисони касбии соҳаро амри воқеӣ медонанд. Чунончӣ дар яке аз баромадҳояшон зикр доштанд: “Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд”.
Воқеан барои рушду такомули илмҳои дақиқ, техникаву технология дар фосилаи 32 соли соҳибистиқлолӣ корҳои азиме ба сомон расонида шуда, Ҳукумати мамлакат бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав ва махсусан рушди соҳаи саноат дар кишвар, беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии муҳаққиқон ва тарбияи насли нави мутахассисони илмҳои дақиқ соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуд. Ҳамчунин ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардид.
Гузашта аз ин ба хотири боз ҳам беҳтар ҷалб намудани насли ҷавон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҷоизаҳои давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, Султон Умаров ва Ҷоизаи Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илмҳои дақиқ ва риёзӣ таъсис дода шудааст, ки хушбахтона устодони Донишкада Хуршед Худойбердиев ва Ҷӯрабой Бобоҷонов ин ҷоизаҳоро соҳиб гардиданд.
Ҳадафи Пешвои муаззами миллат бо роҳандозии тадбирҳои мазкур пеш аз ҳама омода кардани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки иқтидори истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ сол то сол зиёд гардида истодааст. Ба мамалакат мутахассисоне лозим ҳастанд, ки аз лиҳози касбият, дониш ва нерӯмандӣ тавонанд бо технологияи муосири идоракунӣ кор карда тавонанд.
Ҳамасола дар кишвар зиёда аз 150 нафар дар риштаҳои гуногуни фанни рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунанд, аммо мутаассифона унвонҷӯёне, ки дар риштаҳои илмҳои дақиқ ҳимоя мекунанд, ангуштшуморанд.
Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки мо дар зеҳну тафаккури насли наврас ва ҷавон омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзиро бештар талқин намоем. Зеро ояндаи миллат, пешрафт ва шукуфоии он аз чунин ҷавонони қобилиятнок ва соҳибистеъдод вобастагии калон дорад.
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд як зумра устодоне кору фаъолият доранд, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаву малака, истифодаи технологияи муосири таълимӣ метавонанд шавқи шогирдонро ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ бештар намоянд.
Зикр шуд, ки ҳадафи баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Истифодаи технологияи муосир дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар донишкада бо ҷалби устодон ва коршиносон аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ низ маҳз ба он равона шудааст, ки дар асоси таҷрибаивазкунӣ мо ба мақсади ниҳоии худ – бедории шуури ҷавонон, яъне баланд бардоштани шавқ ва завқи ҷавонон ба ин фанҳо расем.
Сипас тибқи рӯзномаи конфронс маърӯзаҳои илмӣ аз ҷониби олимону донишмандони соҳа, аз ҷумла Х. Мақсудов "Фанҳои дақиқ ва нақши онҳо дар ташаккули салоҳиятҳои касбии муҳандисон", Ҳ. Маҷидов "Ташаккул додани маҳорати эҷодӣ ва техникии бакалаврҳо тибқи муносибати босалоҳият ба таълим", Ё. Мӯҳсинов "Амсиласозии математикӣ ва бозиҳои дифференсиалӣ", М. Усмонова "Истифодаи платформаҳои интерактивӣ дар раванди таълим", Н. Азимова "Усулҳои таълими фаъоли фанҳои дақиқ дар МТОК", М. Мӯҳсинзода "Таҷрибаи ширкати мутахасисони роҳи абрешим дар гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо" шунида шуд.
Конфронс кори худро дар бахшҳои дигар идома бахшид.